Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун

    

Санаи 2-октябри соли ҷорӣ дар Комиссарияти ҳарбии шаҳри Роғун чорабинии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса  баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки  дар натиҷаи тарбияи дуруст дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бо нангу ори шаҳри Роғун баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш  дар рӯзи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ   ба Комиссарияти Ҳарбии шаҳри Роғун барои адои хизмат  ба Модар- Ватан ҳозир гардиданд.

 Дар чорабинӣ  Раиси шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, модарони наваскарон ва сокинони шаҳр ширкат варзиданд.

    Дар чорабинии мазкур  раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, ва директори Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон,  даъватшудагонро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфтанд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки  хизмат ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд.

     Шоистаи  таъкид  аст,  ки  мо  ҳама  дар  назди  халқу  Ватан  вазифадор  ҳастем,  ки  сулҳи  пойдор  ва  тамомияти арзиву якпорчагии  Тоҷикистони  азизро  чун  гавҳараки  чашм  эҳтиёт  намоем,  зеро  хизмат  кардан  ба  Ватан  шарафи  бузург  ва  қарзи шаҳрвандии  ҷавонони  бонангу  номуси  миллат  маҳсуб  меёбад. Инчунин, қайд намуданд, ки маҳз бо  шарофати Истиқлолият ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тоҷику тоҷикистониён зери ливои сулҳу осоиштагӣ  бо хотири ҷамъ зиндагонӣ менамоянд.

    Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баҳри  таъмини даъватшавандагон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   раисони маҳаллаҳо бо ифтихорномаҳо  сарфароз гардонида шуданд.. Сипас, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони қасри фарҳанг ҳунарнамоӣ намуда таъби ҳозиринро болида гардониданд.

Мутахассиси шуъбаи рушди

   иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                           Забирзода М.