Паёми табрикотии раиси шаҳри Роғун Саидзода С. бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Ҳамдиёрони азиз, ҳозирини гиромӣ!  

        Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки      32- солагии онро мо имрӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем, оғози марҳалаи нави давлатдории миллӣ, тантанаи хирад  ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо ва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаи Шумо, ҳамдиёрони азиз  ва  тамоми шаҳрвандони сарбаланди  шаҳри нурофарони Роғунро  бо фарорасии ин ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллиамон самимона табрику таҳният мегӯям. Бароятон сиҳатмандию хонаободӣ, дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназир ва хушбахтиҳои бепоёни ҳаётро таманно дорам.

     Расо сиву ду сол муқаддам, санаи 9 сентябри соли 1991 миллати саодатманди   тоҷик дар фазои орому осоишта ба бузургтарин неъмат – истиқлолият, ё ба ифодаи дигар мустақилияту соҳибихтиёрӣ комёб гардид. Гузаштагони фарзонаву накуномамон истиқлолиятро ҳазорсолаҳо орзу менамуданд. Ин орзу ба насли хушиқболашон дар садаи ХХ муяссар гардид. Ин рӯзи муборак дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шуда, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсозӣ мо ҳамчун санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад.

      Истиқлолияти давлатӣ  нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми кишвари озоду ободи мо имрӯз  ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин, нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаанд. Боиси зикри хос аст, ки имрӯз миллати тоҷик зери сиёсати пешгирифтаи фарзанди фарзонаву дилогоҳи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти комил ва ваҳдати миллӣ ноил гардид.

     Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамеша дар баромадҳояшон таъкид месозанд, ки “Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои  даврони истиқлол, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз ҳам дар оғози марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободии Ватани азизамон қарор дорем  ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона  заҳмат кашем”.   Аз ин хотир ҳар яки моро зарур аст, ки новобаста дар кадом зина ва ё вазифа қарор доштанамон, пояҳои  Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботро  таҳким бахшида, дар татбиқи  сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ диҳем. Мо вазифадорем, ки  ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият  таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ намоем. Бо орзую умедҳои нек гуфтанӣ ҳастам, ки дар остонаи 32-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ  ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиро  дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт  ва пешрафти Ватани азиз нерӯю дониши худро дареғ надоранд.

      Бигузор иди муқаддаси истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад. Поянда бод истиқлоли миллӣ ва давлати  соҳибистиқлоли тоҷикон! Ҷашни соҳибистиқлолӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!  

  САЛОМАТУ САРБАЛАНД БОШЕД