Вохӯрии  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Роғун

 Санаи 5 сентябри соли 2023   тибқи нақшаи  кории  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба  32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохӯрии  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло муовини якуми раиси  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Наҷмиддиниён Файзулло Раҷаб вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Роғун ташриф оварда бо фаъолони шаҳр вохӯрӣ гузарониданд.

  Сараввал,  муовини якуми раиси шаҳри Роғун Файззода Раҳматулло меҳмононро  хушомадед намуда, ҳозиринро ба  ҷашни 32 солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику шодбош намуданд.       Сипас ,меҳмонон оид ба масъалаҳои рӯзмарра моҳият ва муҳтавои қонуну қарорҳои тасдиқгардида ва татбиқи он дар амал, зарурияти донистану самараи он ба фаъолияти ҳаррӯзаи халқи тоҷик сухан намуда, ҳамчунин аз  давлатҳои ҷангзадаву  фаъолияти нопоки гурӯҳҳои ифротӣ ёдовар шуда, даъват ба амал оварданд, ки ба қадри тамоми неъматҳои  даврони Истиқлолият  сулҳу субот, тенҷию оромӣ, ки аз ватандӯстии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад бирасанд ва дар  ҳифзи марзу буми  кишварамон саҳмгузор бошанд.

 Дар охир, муовини якуми раиси шаҳри Роғун Файззода Раҳматулло бо сухани хотимавӣ  бори дигар меҳмононро хайрамақдам гуфта барои вохӯрии хубу самарабахш минатдорӣ баён намуданд.

 Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ

   ва робита бо ҷомеа                                                     Раҷабалиева Шоира