Тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он ба иқтисодиёти Тоҷикистон                     

          Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби он, ки 93 дарсади қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд яке аз кишварҳои осебпазир ба офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бо тақрибан 14000 пирях, ки ҳоло дар ҳолати обшавӣ қарор доранд, Тоҷикистон осебпазиртарин кишвар дар баробари тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Тағйирёбии иқлим ба кишвари мо зиёдтар дар шакли обшавии пиряхҳо таҳдид мекунад. Мо медонем, ки пиряхҳо дар гардиши об нақши муҳим доранд ва манбаи обтаъминкунии аҳолии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Обшавии пиряхҳо дар кӯтоҳмуддат боиси болоравии сатҳи дарёҳо, обхезӣ ва сел гардида дар дарозмуддат сабаби норасоии об, хушксолӣ шуда ба ҳаёти миллионҳо нафар дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои поёноб таҳдид мекунад.

            Гурӯҳи байналмилалии муҳаққиқон ҳисоб кардаанд, ки дар 80 соли охир то 35 дарсади пиряхҳои Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳистонии Помир бар асари гармшавии глобалӣ ва болоравии ҳарорат об шудааст. Хабари ташвишовар ин аст, ки пиряхҳо хеле зуд об шуда истода, тибқи маълумотҳо аз кишвар то ҳол тақрибан 1000 пиряхҳо об шудаанд. Имрӯз суръати талафоти пиряхҳо дар Тоҷикистон ҳар сол тахминан 1 фоизро ташкил медиҳад ва бо ин суръат танҳо то охири асри равон об шудани ҳамаи пиряхҳои боқимонда дар Ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест.

             Тоҷикистон як кишвари аграрӣ буда, вобастагии сахт аз кишоварзӣ дорад, аммо мутаассифона, кишоварзӣ аввалин бахшест, ки аз тағйироти иқлим зарар мебинад. Ин дар ҳолест, ки тақрибан 70% аҳоли дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият дар коҳиши камбизоатӣ аз 80% то ҳудуди 30% муваффақияти бузурге ба даст овардааст. Бо вуҷуди ин, тағирёбии иқлим як мушкилоти нав барои иқтисоди кишвар эҷод мекунад. Аз ин рӯ, маълумот дар бораи иқлим, мутобиқшавӣ ва пешгӯии дақиқ барои кишоварзон ва бахши кишоварзии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Соҳаҳои аввалияе, ки дар баробари кишоварзӣ дар Тоҷикистон зарар мебинанд, беҳдошт, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мебошанд.

   Тибқи пажӯҳиши мо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби созмони байналмилалии ҳифзи муҳити зист “IDEA WILD” аз ҷиҳати техникӣ дастгирӣ гардидааст, гарм шудани ҳарорат дар солҳои охир ба соҳаи ҷангал ва энергетика дар Тоҷикистон таъсири манфии худро расонидааст. Тағирёбии иқлим яке аз сабабҳои асосии аз байн рафтани намудҳои нодири моҳӣ низ дар Тоҷикистон гардидааст. Дар соли 2020 Тоҷикистон шадидтарин камбуди об дар таърих барои истифодаи кишоварзӣ ва тавлиди нерӯи барқро аз сар гузаронд.

    Кишвари мо аз пайомадҳои тағйири иқлим пайваста ёдовар мешавад ва хостори таъсиси фондҳои кӯмак ба кишварҳоест, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ бораи эълон кардани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян кардани санаи мушаххас барои Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо талаб карда шудааст. Тоҷикистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки “Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро таъсис диҳад, ки дар доираи он метавон барои ҳифзи пиряхҳо васеъ истифода кард. Қайд кардан ба маврид аст, ки саҳми Тоҷикистон дар гармшавии иқлим ҳадди ақал аст, зеро саҳми кишвар дар партовҳои глобалӣ ҳамагӣ 0,0003 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созишномаи Париж ӯҳдадории ихтиёрӣ гирифтааст, ки ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ аз сатҳи соли 1990 дар ҳудуди 80-90% зиёд нашавад. Бо дарназардошти ормонҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба сифр расонидани партовҳои гармхонаӣ, Тоҷикистон қасд дорад то соли 2050 иқтидори тавлиди нерӯи “сабз”-ро ду баробар афзоиш диҳад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон 98 дарсади нерӯи барқи худро аз нерӯгоҳҳои барқи-обӣ тавлид мекунад ва аз рӯи дарсади тавлид ва истифодаи нерӯи “сабз” дар ҷаҳон дар ҷои шашум қарор дорад.

     Барои пешгирӣ намудани тағйирёбии иқлим ва пешгирии пайомадхои манфии он дар баробари саъйу кӯшишҳое, ки кишвари мо амалӣ карда истодааст гузаронидани тадқиқоти ҳамаҷониба оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии об, табодули таҷриба,  мубодилаи маълумот, такмил додани ҳамкориҳо, бахусус дар татбиқи чорабиниҳои мутобиқсозӣ, гузаронидани мониторинг ва системаи огоҳкунии пешакӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ, истифодаи такрории об, мониторинги обшавии пиряхҳо, диверсификатсияи иқтисодиёт, диверсификатсияи сарчашмаҳои энергия ва инкишофи он аз қабили неруи офтобӣ, бод ва бионергия, обҳои зеризаминӣ ва дигарон хеле зарур мебошад.

Коршинос,

Зафар Султонов