Гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун, рӯзҳои 16-18 майи  соли 2022

    Бо мақсади иҷрои банди 4-и Нақша чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ , эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022, ки бо  қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2022, №1 «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022» дар шаҳри Роғун аз санаи 16 то 18 майи соли 2022 санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

 Тибқи Фармоиши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2022, №130 роҳбари машқ муовини сардори Сарраёсат – сардори Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Қурбонов И., муовини сардори машқ сардори шуъбаи кор бо сохторҳои ҳудудии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии  Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждаии Кумита капитан Маликмамадов Ф. ва  сардори Ситоди роҳбарикунандаи машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ – сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун подполковник Сайфидинзода Б. таъин карда шуданд.

 Дар асоси амри сардори мудофиаи граждании шаҳри Роғун  аз 18 майи соли 2022, №18  “ Дар бораи гузаронидани  санџиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ оид ба  ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, амали ҳайати роҳбарикунандаи мақомот, комиссияҳо қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи шаҳр  ва аҳолӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ”, қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр аз 16 то 18 майи  2022 дар ҳолати омодагии баланд қарор дода шуданд.

     Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун ҳуҷҷатҳоро оид ба гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ  ва  машқи мукаммал пешакӣ тартиб ва коркард намуда, ба Сарраёсати мудофиаи гражданӣ пешниҳод намуд ва аз тарафи роҳбари машқ тасдиқ карда шуданд.

      Бо мақсади ҳамкорӣ бо ситоди роҳбарикунандаи машқ ва расонидании ёрии амалию методӣ ба роҳбарияти хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва  зернизомҳои вазифавии Низоми ягона аз ҳисоби афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун миёнаравон таъсис дода шуданд.

     Рӯзҳои 16-17 май аз тарафи гурӯҳи кории Кумита ва шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун бо дар як қатор хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ ҳолати ҳуҷҷатгузории онҳо дар самти мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба масъулин ёрии амалию методӣ расонида шуд. Инчунин, барои дар сатҳи баланд гузаронидани машқ аз тарафи мутахассисон ба хадамотҳои мудофиаи гражданӣ қувваҳои зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияҳои эвакуатсионӣ  ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  кӯмакҳои амалию методӣ дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи дурусти амал дар машқи мазкур расонида шуд.

  Аз тарафи сохторҳои болоии зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, намояндагони Вазорати молия, Вазорати нақлиёт, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Саридораи геология дар санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммал даъват гардида буданд, ки кӯмаки худро ба зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ худ расониданд.

        Шаҳри Роғун дар қисмати марказии  Ҷумҳурии Точикистон ҷойгир буда, аз шарқ бо ноҳияи Нуробод, аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон,  аз ғарб бо ноҳияи Файзобод ва аз шимол бо шаҳри Ваҳдат ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати шаҳр 0,661 ҳаз. км2 ва шумораи аҳолии шаҳр 46 661 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Роғун ҳамагӣ 6 минтақаи хавфнок вуҷуд дошта,  бо шумораи 214 хоҷагӣ ва 2173 нафар иборат мебошад.    Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр Раис – Сардори мудофиаи граждании шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло мебошад. Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Раиси шаҳр аз 18 январи соли 2016 таҳти №10 таъсис дода шудааст. Раиси комиссияи эвакуатсионӣ аз рӯи вазифа таъсис дода шуда, муовини раиси шаҳр сарпарасти соҳа Сафарализода Қ. таъин  гардидааст. Аъзоёни комиссияи эвакуатсионӣ  иборат аз 12 нафар мебошад.

       Ҳуҷҷатгузории комиссияи эвакуатсионӣ хуб ба роҳ монда шудааст:

– низомномаи комиссия ба тасвиб расонида шуда, тасдиқ шудааст;

– қарори раиси шаҳр «Дар бораи таъсис додани комиссияи  қабули эвакуатсионӣ аз 17 августи соли 2017, № 192 тасдиқ карда шудааст;

– нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосии комиссияи эвакуатсионӣ таҳия ва тасдиқ шудааст;

– рӯйхати нуқтаҳои ҷамъшавии эвакуатсия, нуқтаҳои қабули  эвакуатсия ва муассисаҳои табобатие, ки хизмат мерасонанд;

– ҷаласаҳои комиссия гузаронида шуда, протоколҳои ҷаласаҳо тартиб дода шудаанд;

– нақшаи чорабиниҳои асосии комиссия барои соли 2022 таҳия ва тасдиқ шуда бандҳои он иҷро шудааст;

– харитаи ҷойгиршавии  нуқтаҳои ҷамъшавии эвокуатсионии шаҳр дар бонер таҳия карда шудааст;

– харитаи эвакуатсияи деҳаи Сесангаи Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, ки дар он машқ гузаронида шуд, таҳия карда шудааст.

Рафти санҷиш ва машқ.

Дар оғози машқ соати 06:00-и рӯзи 16 май аз тарафи роҳбари машқ бонгӣ “Ҷамъшавӣ”-и ҳайати роҳбарикунанда, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягона давлатии шаҳри Роғун дар бораи оғози марҳилаи аввали машқ эълон карда шуд. Зернизоми вазифавии хабардоркунии алоқа ва технологияҳои иттилоотию комуникатсионии шаҳр бонги эълони “Ҷамъшавӣ”-ро бо ҳайати роҳбарикунандаи, қувва ва воситаҳои зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, раисони комиссияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони иншоотҳои иқтисодии шаҳр расонид. Ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии шаҳр бо қабул намудани бонг дар муддати 50 дақиқа дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҳозир шуданд.        Баъди аз назаргузаронии ҳайати ҳозиршуда, дар назди раиси шаҳри Роғун Раис – сардори мудофиаи граждании шаҳри Роғун Саидзода С. ҷаласаи кушодашавии машқ баргузор гардид. Дар ҷаласа Раис – сардори мудофиаи граждании шаҳри Роғун ба ҳамаи роҳбарияти хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягона шаҳр дар бораи дар сатҳи баланд гузаронидани машқ тибқи амрнома дастурҳои мушаххас доданд. Дар навбати худ аз ҷониби сардори машқ полковник Қурбонов И. дар бораи мақсаду мароми чорабинии мазкур ва муҳтавои он гуфта гузашта шуд. Қайд намуд, ки дар машқи мазкур вазъи реалӣ, яъне фаромадани ярчи калон ва эвакуатсияи аҳолии зери таҳдид қарордошта, мавриди тарҳрезӣ қарор дода шуда, баҳогузории омодагии қувваю воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи шаҳри Роғун санҷида мешаванд.

        Пас аз ҷаласа дар ситоди роҳбарикунандаи машқ ба роҳбарони хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягона машғулияти таълимӣ гузаронида шуда, тибқи тартиби муқарраргардида супоришномаҳои хаттӣ аз ҷониби ситоди роҳбарикунандаи машқ супорида шуд.

     Дар рӯзи аввали машқ аз тарафи онҳо коркарди вазифаҳои таълимии марҳилаи якум амалӣ гардида, маълумотномаҳо бо ҷавобҳои аниқу дақиқ гардонида шуданд. Маълумотномаҳои пешниҳодгардида нишон медиҳанд, ки ҳайати роҳбарикунандаи шаҳри Роғун, амалҳои худро дар рафти машқ ба таври назариявӣ дуруст дарҷ намуданд.

     Дар машқи мазкур ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо  қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягона, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияҳои эвакуатсионӣ ва комиссияҳои устуворгардонии иншоотҳои иқтисодӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ҷалб гардиданд.

     Аз ҷониби гурӯҳи кории Кумита сардори машқ муовини сардори Сарраёсати – сардори Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Қурбонов И., муовини машқ сардори шуъбаи кор бо сохторҳои ҳудудии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурии Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждаии Кумита капитан Маликмамадов Ф. ва сардори Ситоди роҳбарикунандаи машқ – сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун подполковник Сайфидинзода Б. мавзеъҳои корҳои амалии машқ ҷобаҷогузории он гузаронида шуда, ҳисоби қувваю воситаҳои ба машқ ҷалб гардида, ҳаҷми корҳои фоиданок муайян карда шуд.

       Барои иҷрои корҳои муҳандисӣ ва бартарафсозӣ аз  ҶСК НБО-и Роғун 100 нафар, аз ҷумла 15 нафар аз Дастаи махсуси иҷрои корҳои хатарноки НБО, инчунин 16 адад техникаҳои муҳандисӣ (кран, экскаватор, булдозер, мошинҳои одамкаш, автобус, микроавтобус, автопогрузчик, самосвал ва нақлиёти сабукрави ПИКАП) ҷалб карда шуд.

       Умуман дар машқи мазкур аҳолии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 350 нафар, Ҷамоати деҳоти Қади Об 80 нафар ва  Сичароғ 40 нафар  бо шумораи умумии 470 нафар ҷалб гардида, ба мавзеъҳои бехавф бо тариқи савора ва пиёда кӯчонида шуданд. Дар мавзеи майдончаи сохтмонии №4, ки ҷойи гузаронидани машқҳои амалӣ ба ҳисоб мерафт, аз тарафи шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун ва дигар ташкилоту идораҳо шаҳрчаи хаймавӣ (10 адад хайма), нуқтаи идоракунии роҳбари машқ, нуқтаи тиббӣ, хонаи модару кӯдак, нуқтаи бақайдгирии аҳолии эвакуатсияшуда ва нуқтаи таъминоти моддӣ ташкил карда шуд.

            Қисми аввали санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммал:

      Тибқи нақшаи машқ аз соати 8:00 рӯзи 16 май гурӯҳи корӣ -миёнаравон аз ҳисоби афсарон мувофиқи ҷадвали вобасташуда, барои санҷидани ҳолати омодагӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ сафарбар карда шуданд.

          Гурӯҳи корӣ ҳолати омодагӣ ва ҳуҷҷатгузории ташкилоту муассисаҳои шаҳрро санҷида, маълумотномаҳо тартиб доданд.  Дар рафти санҷиш маълум гашт, ки дар парвандаҳои зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатии ташкилоту муассисаҳо  камбудиҳо ҷузъӣ мавҷуд буда, баъзе ҳуҷҷатҳои он тасҳеҳ талаб мебошанд. Инчунин, дар самти омӯзиши коргарону хизматчиён дар ташкилоту муассисаҳо  бинобар кам будани ҳайати шахсии корхонаҳо машғулиятҳои барномавӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст.

         Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2022 аз тарафи ҳайати шахсии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун  бо шумораи 421 нафар коргарони ташкилоту идораҳо тибқи барнома бо навбат омӯзишҳо  гузаронида шудааст. Дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо ва зернизомҳои вазифавӣ  нусхаи қарорҳо мавҷуд буда, ҳамзамон аз тарафи роҳбарони ташкилоту муассисаҳо қарорҳои худро ба тасвиб расонидаанд. Гӯшаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда дар аксарияти  сохторҳо ташкил карда шудааст.

       Қайд кардан зарур аст, ки ҳуҷчатгузорӣ дар Шабакаҳои барқӣ, ҶСК “НБО Роғун”, Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳи ва ҷамоати шаҳраки Оби Гарм хуб ба роҳ монда шудааст. Умуман фаъолият оид ба соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва комиссияҳои эвакуатсионӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр:  огоҳонӣ ва оташнишонӣ, таъминоти нақлиёт барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таъминоти комуналию техникӣ дар ҳолати фавқулодда ва таъминоти молиявӣ дар ҳолати фавқулодда хуб ба роҳ монда шуда, аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда аҳамияти ҷиддӣ дода мешаванд. Дар дигар ташкилоту муассисаҳо дар сатҳи қаноатбахш қарор доранд.

        Қисми дувуми санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммал.

    Рӯзи 17 май дар қисмати дуюми машқ машғулиятҳо амалӣ дар мавзеи майдончаи сохтмонии №4 – и шаҳри Роғун ва ҳудуди кӯчаҳои Сесангаи  Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм оғоз гардид, ки таҳдиди хатари ярч дар ин деҳа  мавҷуд аст, гузаронида шуд.

    Ситоди роҳбарикунандаи машқ ба комиссияҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ, ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр ва ҷамоати деҳот супоришҳо оид ба коркарди саволҳои таълимии машқ дода шуд, ки аз ҷониби онҳо амалан иҷро карда шуданд.

       Дар гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ҳайати роҳбарикунанда, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок намуда, амали худро дар иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми  фаромадани ярч, инчунин эвакуатсияи аҳолӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм  дар деҳаи Сесанга ба таври амалӣ нишон доданд.

      Қисмати асосии машғулиятҳои амалӣ ин гузаронидани чорабиниҳо  бо ҷалби зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ, амволи аҳолӣ ва роҳ надодан ба ҳалокати одамон ва эвакуатсияи онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ё таҳдиди онҳо, муайян намудани шумораи аҳолии эвакуатсияшаванда ҳангоми омадани сел ва фаромадани ярч ва таҳдиди маҳалҳои аҳолинишинро дар бар гирифт.

    Бо таври амалӣ ҳайати роҳбарикунанда ва комиссияи эвакуатсионӣ аҳолии эвакуатсияшавандаи минтақаҳои хавфноки деҳаи Сесанга баъди гирифтани бонги «Хатар», аввал дар нуқтаи ҷамъшавии эвакуатсионӣ дар кучаи Сесанга ҷамъ оварда, аз қайди комиссияи эвакуатсионӣ гузарониданд.

         Баъдан ба воситаи  7 адад нақлиётҳои одамкаши тамғаҳои Урал, 4 адад автобус, 8 адад микроавтобус, 2 адад мотосикл, 70 адад нақлиёти сабукрави шахсӣ, 10 сар асп ва бо тариқи пиёда ба нуқтаи қабули эвакуатсионӣ дар майдончаи сохтмонии №4-уми шаҳри Роғун ба минтақаи бехавф кӯчонида шуданд. Инчунин, 121 сар чорвои шохдори майда ва калон ба мавзеъҳои бехавф бароварда шуданд.

      Дар рафти машқ зиёда аз 513 нафар аҳолии осебпазири ҷамоати шаҳраки Оби гарм ба ҷои бехавф эвакуатсия шуда, дар хаймаҳо ҷо ба ҷо карда шуданд. Аз тарафи зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ дар ҳолатҳои фавқулодда нуқтаи қабули эвакуатсиониро зери иҳота қарор дода, назорати тартиботи нуқтаи ҷобаҷокунӣ ва нуқтаи гузаргоҳи назоратӣ ташкил карда шуд. Дигар қувваҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ мувофиқи вазифаҳояшон амал намуданд.

     Дар  давоми гузаронидани машқ мукаммали мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Роғун мувофиқи вазифаҳои худ амал намуда, таъмини рушноӣ дар хаймаҳо, ҳифзи тиббию биологии аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда, безараргардонии гирду атрофи шаҳрак бо мақсади пешгирии эпидемияҳо (кучаи 25 солагии Истиқлолият, дохили шаҳр ва шаҳраки хаймавӣ бо маҳлули хлордор ба миқдори 100 кг), таъмини хӯроки гарм ва оби нушокӣ (хӯроки гарм бо 50 кг биринҷ, 25 кг гушт, 20 кг равған, 100 кг сабзӣ, 5 кг нахуд, 500 дона нон, 5 кг чои хушк 500 адад оби нушокӣ) ва дигар таъминотҳоро ба роҳ монданд.

           Ҳамзамон, аз тарафи хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ- кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Роғун  дар ҳайати 18 нафар ва 2 адад техникаи садамавию наҷотдиҳӣ корҳои амалии кофтуковию наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва хадамоти оташнишонӣ дар бинои 4 ошёнаи майдончаи сохтмонӣ гузаронида шуд. Аз тарафи дастаи бехатарии ҶСК НБО-и Роғун бошад, корҳои наџотдиҳӣ дар шароити вазнини  кӯҳсор ба таври амалӣ нишон дода шуд.

        Дар рафти машқ корҳои тоза намудани селроҳаҳои деҳаи Сесангаи шаҳраки Оби Гарм ба масофаи 2 км аз тарафи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ таъминоти нақлиёт дар ҳолати фавқулодда ва бо ҷалби қувваю воситаҳои ҶСК НБО-и “Роғун”, аз  ҷумла техникаҳои махсуси муҳандисӣ: 5 адад борбардори фронталӣ, 1 адад автогрейдер, 1 адад экскаватор, 1 адад булдозер, 1 адад трактор бо таҷҳизоти кафшергарӣ ва 7 адад мошини боркаши тамғаи Дулан, селовардҳо, сангу лой тоза намуда ва ярчи фаромада, ки  масофаи 300 метрро дар бар мегирад, бо восита аз сузишвории дизелӣ 1150 литр аз ҷониби идораҳои шаҳр ҷудо гардида, тахминан 90 % аз ҳаҷми умумӣ тоза карда шуд. Рафти машқи мазкур ба воситаи 1 адад таҷҳизоти парвозкунандаи бесарнишин (квадрокоптер)-и ҶСК НБО-и Роғун, 5 адад камераҳои дастӣ аз тарафи  хабарнигорони шабакаҳои “Тоҷикистон” , “МИР” ва корманди шуъбаи робита кор бо ҷомеаи Кумита  аксбардорӣ ва мушоҳида карда шуд, ки бо воситаи синамо пахш мегардад..

       Таҳлил, ҷамъбаст ва баҳогузории машқ.

      Санаи 17 майи соли 2022 соати 12:30 дақиқа дар мавзеи майдончаи сохтмонии №4-уми шаҳри Роғун натиҷагирии машқ ва таҳлили амалҳои ҳайати роҳбарикунанда ва кувваю воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатии шаҳри Роғун дар амалӣ намудани супоришҳо оид ба эвакуатсияи аҳолӣ, иҷрои корҳои фоиданок ва дигар корҳои таъхирнопазир  гузаронида шуд. Дар охир, аз тарафи Раис- сардори мудофиаи граждании шаҳри Роғун Саидзода С., сардори машқи мукаммал муовини сардори Сарраёсат– сардори Раёсати ташкилию оперативии Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита полковник Қурбонов И. ва сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун подполковник Сайфидинзода Б., иштирокчиёни фаъоли машқро бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз гардонида шуданд. Сипас соати 13:00 дақиқа аз тарафи роҳбари машқ анҷоми «Бонги машқ» эълон гардид.

   Дар машқи мазкур зиёда аз 1641 нафар аҳолии шаҳру деҳот, қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ  зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ ва ҷамоатҳо ҷалб карда шуданд. Инчунин дар чорабинӣ зиёда аз 53 адад техникаи калон ва сабукрави аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо шаҳри Роғун ҷалб карда шуданд. Тибқи азназаргузаронӣ ва мушоҳидаҳо муайян гардид, ки дар  ҳудуди ҷамоати шаҳраки Оби Гарм дар қисмати  болоии деҳаи  Сесанга ва мавзеи Бустонсарой кӯҳдоман мавҷуд буда, бинобар пайдо шудани обҳои зеризаминӣ ва намнокии зиёд, фаромадани  ярч дар мавсими баҳорӣ аз эҳтимол дур нест. Тибқи хулосаи муҳандисию геологӣ мавзеъҳои мазкур ҳамчун  минтақаи хатарнок эътироф шудаанд.

       Санҷиш ва машқи мазкур ҳолати омодагии ҳайати роҳбарикунандаи  шаҳр, комиссияҳо  инчунин  қувва ва воситаҳои хадамотҳои мудофиаи гражданӣ  зернизомҳои  вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро  муайян намуд.

       Ҳаҷми корҳои фоиданок: Дар рафти машғулиятҳои амалии машқ корҳои фоиданок ин тоза намудани ҷуйбору обпартоҳои деҳаи Сесанга 750м, кучаҳои Олим Каримов ва М.Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Оби Гарм 826м аз сангу шағал тоза карда шуд.  Инчунин џои џамъшавии қувва ва воситаҳо ва шаҳрчаи хаймавӣ бо истифода аз 1 адад гредерҳо дар ҳаџми 1,8 га майдон тоза карда шуд. Инчунин бо истифода аз як адад 2 автопагрузчик ва 4 адад дулан партовгоҳи умумишаҳрӣ дар ҳаҷми 160м3 аз партовҳо тоза карда шуд.

     Навовариҳо ҳангоми гузаронидани машқ: Машқи мазкур дар асоси вазъи реалӣ – таҳдиди фаромадани ярчи калон, вайрон шудани қубури таъминоти оби нушокии аҳолии шаҳри Роғун зиёда аз 510 нафар кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаи хавфнок 43 хоҷагӣ, таҳдиди паҳн шудани касалиҳои сироятӣ ва коркарди санитарӣ ва дезинфектсионӣ гузаронида шуд. Дар машқ нуқтаи идоракунии қувва ва воситаҳо ташкил карда шуда, аз ин нуқта амали қувваҳо аз тарафи ҳайати роҳбарикунанда дуруст идора карда шуд. Инчунин дар байни роҳбарони зернизомҳои вазифавии Низоми ягонаи давлатӣ ва хадамотҳо 22 адад радиостансияҳо ташкил карда шудааст, ки фаъолияти қувваҳоро дақиқ ва фаврӣ намуд. Хулоса: Машқи гузаронидашуда сабаби он гардид, ки аҳолии дар зери хатар қарор дошта, дар вақти сар задани ҳолатҳои фавқулодда таҳдидҳо ва омадани селу  ярч, ҷойи ҷамъшавӣ ва ҷойгиршавии муваққатиро омӯхтанд. Ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр, ҷамоатҳо ва деҳаҳо масъулияти худро дар самти мудофиаи гражданӣ пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун роҳбар ҳис намуда, малакаи роҳбарикунандаи худро тақвият бахшида, вазифаю мақсадҳои машқро ба дараҷаи зарурӣ иҷро намуданд. Бо тартиби ташкили шаҳраки хаймавӣ ва таъминоти зисти аҳолии эвакуатсионӣ, амали наҷотдиҳандагон оид ба гузаронидани корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ ва гузаронидани корҳои бартарафсозию барқарорсозӣ шинос шуданд. Бояд қайд кард, ки  аз ҷониби роҳбари машқи мукаммали мудофиаи   граждании шаҳри Роғун полковник Қурбонов Изатулло баҳои умумии ҷамъбастии машқи мазкур «Хуб» ҳисобида шуд.

        Пешниҳодот:

  1. Ташкил ва нигоҳдории захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз ҷумла: маводҳои хӯрока, сузишворӣ барои техникаҳо, масолеҳи сохтмонӣ, воситаҳои тиббӣ ва ғайраҳо дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо тибқи талаботҳои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №778 ба роҳ монда шавад (дар МИҲД ба маблағи 56 995 сомонӣ ташкил карда шудааст) ;
  2. Дар ташкил ва баргузор намудани тамрин ва машқҳо масъулияти ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баланд бардошта шуда, бештар дар маҳалҳои осебпазир бо ҷалби аҳолӣ гузаронида шавад;
  3. Минбаъд натиҷаи баргузории чунин машқу тамринҳо таввасути воситаҳои ахбори омма ва синамо бештар тарғибу ташвиқ дода шавад.

        Сардори ситоди роҳбарикунандаи машқ подполковник                                                            Сайфидинзода Б.