Қадрдонии Раиси шаҳр аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии Чернобел дар шаҳри Роғун


      Бо қарори  Созмони Миллали Муттаҳид 26 апрел ҳамчун «Рӯзи байналхалқии ёдбуди ш
аҳидони садамавии радиатсионӣ»  эълон шудааст.  Дар ҷумҳурӣ Ташкилоти «Чернобилчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 1991 таъсис ёфта, баъдан бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 24 майи соли 1997 Ҷамъияти «Чернобилчиёни Тоҷикистон» ташкил шуд. Шӯрои ҷамъият аз соли 1998 таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари садамаи НБА «Чернобил» зарар дидаанд»-ро шурӯъ намуд ва он 5 марти соли 2007 қабул гардид. Минбаъд чернобилчиёни Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки барои ҳифзи ҳуқуқашон ба ниҳодҳои масъули давлатӣ муроҷиат намоянд.       15 ноябри соли 2007 Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи Чернобил» ба Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Ҳоло дар қайди он 1860 иштирокчии бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқӣ — атомии «Чернобил», аз ҷумла, 1410 маъюби гурӯҳҳои 1, 2, 3 ва 3600 нафар кӯдаки дар қайди диспансерии маркази саломатӣ буда, инчунин, 260 оилаи бесаробонмонда мебошанд. Ҳамчунин, се ташкилоти вилоятӣ , 17 ташкилоти ҷамъиятии шаҳрӣ ва 47 ташкилоти ҷамъиятии ноҳиявӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд 398 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият дошта бошанд ҳам, вале вазъи саломатиашон чандон хуб нест. Аз ин садама 35 сол гузаштааст, вале даҳшат ва зарари он ҳанӯз ҳам аз хотира ва ҷисму ҷони   иштирокчиёни  садамаи мазкур нарафтааст. Мавриди зикр аст, ки бахшида ба ҷашни 77 – солагии рӯзи «Ғалаба»  ба 13 нафар иштирокчиёни  садамаи Нерӯгоҳи Барқии Атомии Чернобел аз ҷониби Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло  кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.  Иштирокчиёни  садамаи Нерӯгоҳи Барқии Атомии Чернобел аз шаҳри Роғун  қадрдонии Раиси шаҳрро эҳтиромона  қабул намуда, ба муносибати 35 солагии  садамаи Чернобел  аз ҷониби Раиси  ташкилоти ҷамъиятии Чернобел ба Раиси шаҳр муҳтарам Саидзода Сунъатулло  нишони сарисинагӣ тақдим намуданд.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеъа                              Раҷабалиева Шоира