Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027»  дар шаҳри Роғун

          Беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, самт, вазифаҳои асосӣ ва механизми амалӣ намудаии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи рушди ғизои мактабӣ муайян месозад. Амалӣ намудани он барои баҳодиҳии умумии шароит ва тайёр кардани қадамҳои минбаъда ҷиҳати таъмин намудани хонандагон бо ғизои солим, инкишофи нерӯи таълимӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, инчунин таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар замина гардид. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо  Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили хӯроки яквақта дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуданд.

           Айни ҳол, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Миллали Муттаҳид дар доираи солҳои 2016-2020 беш аз 4265 нафар хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳри Роғунро, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ бештар эҳтиёҷ доранд, бо маводи озуқаворӣ таъмии намуд.

     Дар давоми соли хониши 2018-2019 дар 42 муасиссаи таълими барои хонандагони синфҳои 1-4 хӯроки як вақта дар ҳамкорӣ  бо Барномаи озуқаи умумиҷаҳонӣ  ташкил карда шуд. Айни замон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  дар ҳамкорӣ бо Барномаи Ғизои мактабӣ, системаи давлатии ҳифзи иҷтимоиро бо роҳи таъмин намудани 4503 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва кормандони техникии мактабҳои миёнаи Роғун бо хӯроки гарм комилан пурра намуда истодааст. Имрӯз, 42 мактаб дар барнома иштирок мекунанд ва 4-тои онҳо мактабҳои озмоишӣ (пилотӣ) мебошанд.

      Аз соли 2016, дар доираи нақша- чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ) оид ба рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ кардаанд, бо дастгирии Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия (SIFI) лоиҳаи пилотиро оғоз карданд.

            Лоиҳаи таҷрибавӣ имкон дод, ки ҳолати ошхонаҳои мактабӣ дар шаҳри Роғун беҳтар карда шуда, моделҳои нави ғизои мактабӣ ҷорӣ карда шаванд. Аз ҷумла: 1) 2 нонпазхонаҳо дар мактабҳои №1 ва 3 2) таҷҳизоти ошхона дар мактабҳои № 4 ва 17.

        Яке аз самтҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №456 «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» ин сохтани ошхонаҳои замонавӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ мебошад. Дар ин давра ошхонаи муассисаи таълимии №3 пурра таъмир гардида, дар назди муассисаҳои таълимии №8, №17 ва №33 ошхонаҳо бунёд карда шуд.                  Айни ҳол, Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар доираи солҳои 2020-2021 беш аз 4932 нафар хонандагони синфҳои ибтидоии шаҳри Роғунро, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ бештар эҳтиёҷ доранд, бо маводи озуқаворӣ таъмии намуд. Дар давоми соли хониши 2020-2021 дар 42 муасиссаи таълими барои хонандагони синфҳои 1-4 хӯроки як вақта дар ҳамкорӣ  бо Барномаи озуқаи умумиҷаҳонӣ  ташкил карда шуд. Инчунин аз Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба 239 нафар хонанадагони (ятим, нимятим ва камбизоат) синфҳои ибтидоӣ ба миқдори 50кг орд ва 2кг равған кӯмак расонида шуд.

        Айни замон, мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  дар ҳамкорӣ бо Барномаи Ғизои мактабӣ, системаи давлатии ҳифзи иҷтимоиро бо роҳи таъмин намудани 4503 хонандаи синфҳои ибтидоӣ ва кормандони техникии мактабҳои миёнаи Роғун бо хӯроки гарм комилан пурра намуда истодааст. Имрӯз, 42 мактаб дар барнома иштирок мекунанд ва 4-тои онҳо мактабҳои озмоишӣ (пилотӣ) мебошанд. Аз соли 2016, дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои таҷрибавӣ (пилотӣ) оид ба рушди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм ва Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ кардаанд, бо ин мақсад микрогрантҳо ҷудо гардид. Аз ҷумла: 1) ташкили занбури асл дар муассисаҳои  №21 ва №22 2) таҷҳизоти сехи қанодӣ дар муассисаи  № 2 Таҷҳизотҳои сехи қанодӣ омӯзишӣ ба маблағи 35186с оварда насб гардид, ки аз моҳи сентябр ба кор шуруъкардааст.

          Ду лоиҳаи дигар  занбури асалпарварӣ  низ ба маблағи 49910с амалӣ гардид, ки аз баҳори оянда ба кор шуруъ мекунад. Таъмини хӯрокаи гарм инкишофи кӯдак ва қобилияти зеҳнӣ, инчунин, диққат ва ҳушёрии хонандагони мактабро беҳтар мекунад. Ҳамзамон, имкониятҳои рушди шахсро афзоиш медиҳад, ки дар навбати худ метавонад ба дастовардҳои беҳбудӣ дар оила, ҷомеа ва кишвари худ мусоидат кунад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  барои боз ҳам беҳтар намудани ғизои мактабӣ: таъмири ошхонаҳои мактабӣ, хатҳои барқи ошхонаҳо ва бо оби ошомиданӣ таъмин намудани муассисаҳоро ҳаматарафа ҳар сол дида мебарояд. Дар  ин самт инчунин коллективҳои муассисаҳои таълимӣ низ ҳамкориро бо кумитаҳои падару модарон ҷонок намуда, як қисми пардохти маблағҳоро аз ҳисоби падару модарон ҳал менамоянд.

        Имсол низ ҳамкорӣ Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид давом дошта, алакай ба миқдори 15 тонаю 270кг орд ва 1тонаю 439кг равған барои муассисаҳои таълимӣ ва барои нонпазхонахои  МТМУ №1 ва №3 5т 443кг орд ва 11 кг равған оварда расонида шуд. Бори дуюм бошад 19 тонаю 736 кг орд ва 2т 342кг равған барои муассисаҳои таълимӣ ва барои нонпазхонаҳои  МТМУ №1 ва №3 6т  орд ва 11 кг равған оварда расонида шуд.

         Маоши ошпазҳо дар баъзе муассисаҳо аз тарафи кумитаи падару модарон ва дар баъзе муассисаҳо ҳамчун корманди техникӣ пардохт мегардад.        

Сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Роғун                                 Юсупов И.С.