Таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун

        Ҷашни 24-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун санаи 25 июни соли ҷорӣ дар даромадгоҳи шаҳри Роғун мавзеъи истироҳатии «Роғун ман туро дӯст медорам» бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ роҳбарони тамоми мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва фаолони кӯчаву маҳалла ва деҳаҳои қаламрави шаҳр ширкат варзиданд. Оғози чорабинӣ бо табрикоти раиси шаҳр шуруъ гардида, қисмати фарҳангӣ идомадиҳандаи ин ҷашн ба ҳисоб мерафт. Дар қисмати тантанавии чорабинӣ Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар бо суханони табрикоти ҳозиринро шодбош гуфт. Аз ҷумла қайд кард, ки: «Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дастоварди бузург ва неъмати азизу муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат буда, таҷассумгари сулҳу ваҳдат ва якдилии халқамон мебошад».

      Сипас, дар ин чорабинии пуршукуҳ ҷавонону наврасоне, ки дар дар бозии интелектуалии «Шоҳмот» ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд, бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр қадридонӣ карда шуданд. Қисмати фарҳангии чорабиниро ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо созу навои худ дилработар  намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи тасдиқгардида баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ аз қабили шашкаю шоҳмот, дави миллӣ, ташкили озмунҳои расмкашӣ дар муассисаҳои томактабӣ, ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаву растаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ, насби шиору овезаҳо ва навиштаҷотҳои махсуси идона, намоиш ва фуруши маҳсулоти хоҷагии халқ, нашри маводу мақолаҳо бахшида ба ин ҷашн дар сомонаи расмии мақомот ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун», сабт ва инъикоси чорабиниҳо тариқи васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба роҳ монда шуданд.   

         Худойдодов Абдулмумин Назруллоевич-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун