НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ РОҒУН БАРОИ ГУЗАШТАН БА «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ» ИМКОНИЯТ ФАРОҲАМ МЕОВАРАД

ХУРРАМЗОДА МУМИНШО ХУРРАМ,

унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи

Академияи идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф дар мақолаи худ ҷанбаҳои муҳимми Неругоҳи барқи обии Роғунро дар иртибот ба афзалиятҳои “иқтисодиёти сабз” шарҳу тавзеҳ додааст. Аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии Роғунро ҳамчун объекти стратегии мамлакат арзёбӣ намуда, аҳамияти онро дар оянда барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намудааст. Таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикисто маҳз аз Неругоҳи барқи обии Роғун вобастагӣ дорад. Ҳадафи дигари боэътимодии неругоҳи барқи обии Роғун дар он зоҳир гардидааст, ки неруи барқи истеҳсолшудаи он аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба табиат ягон зарар надорад. Дар оянда барои таъмини «неруи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» заминаҳои боэътимоди иқтисодию илмиро ба вуҷуд меорад.

Бинобар ин, яке аз принсипҳои асосии иқтисоди сабз волоияти арзиши истеъмолӣ ва сифат мебошад, ки он ба истеъмолгари ниҳоӣ ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шудааст. Дар иқтисоди сабз усулҳои ғайрисамаранок ва исрофкоронаи ташкили ҳама гуна бахши иқтисод ҷоиз нест. Тибқи ин консепсия дар табиат партов вуҷуд надорад, анҷоми як раванд ё ҷараён ин оғози равандҳои дигар мешавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки партовҳо ба сифр баробар мешаванд.

Дар ин мақола дар робита ба афзалиятҳои Неругоҳи барқи обии Роғун, ки он заминагузор ба неруи сабз ва иқтисоди сабз мебошад, назари олимону муҳаққиқон ва сиёсатмадорону иқтисоддонҳо мисол оварда шудааст, бешак ҳадаф ва дурнамои тадқиқоти мавзуъро муайяну мушаххас месозад. Захираҳои алтернативӣ ва дигар имкониятҳои истифоданашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина мушкилоти мавҷудаи дигаргуни иқлим, ки дар баъзан вақтҳо боиси бемориҳо мегардад, мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шудааст.

Мусаллам аст, ки мушкилоти мавҷуда масъалаи як бахши муайяни илм набуда, аз масоили гуногуни маҷмӯии байнисоҳавӣ иборат аст, зеро тағйирёбии иқлим на танҳо ба коҳишёбии пиряхҳо, соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ, балки ба саломатии одамон низ таъсири манфии зиёд дорад. Хун ва роҳи нафас худро бад ҳис мекунанд. Ҳамчунин, хокбориш ба нашъунамои сабзавот ва сифати меваҷот низ таъсири манфӣ мерасонад.

Калидвожаҳо: иқтисодиёти сабз, неруи сабз, ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва идустриализатсияшавӣ, муаммоҳои глобалӣ, энергияи алтернативӣ, харобшавии захираҳои табиӣ, неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза, бӯҳрони экологӣ, истиқлолияти энергетикӣ, газҳои гулхонагӣ.

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 212 –

Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун объекти стратегии мамлакат дар оянда барои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаҳои боэътимодро фароҳам меовардад, ки асоси онро истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил медиҳад. Таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба Истиқлолияти энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки он маҳз аз Неругоҳи барқи обии Роғун вобастагӣ дорад. Аз рӯи дурнамои раванди кор, феълан ду агрегати неругоҳи Роғун мавриди истифода қарор дода шудааст, ки он нишонаи таъмини Истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар мебошад. Ҳадафи дигари боэътимодии неругоҳи барқи обии Роғун дар он зоҳир мегардад, ки неруи барқи истеҳсолшудаи он аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба табиат ягон зарар надорад. Дар оянда барои таъмини «неруи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» заминаҳои боэътимоди иқтисодию илмиро ба вуҷуд меорад. Зеро чӣ тавре ки шумо огоҳед, ин неругоҳ барои таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ, яъне рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим дорад. Дар баробари ин, обанбори неругоҳ барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои фавқулода мусоидат карда, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақаро таъмин менамояд ва барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар заминҳои кишоварзиву азхудкунии садҳо ҳазор гектар заминҳои нав имконият фароҳам меорад. Ҳамчунин, хотирнишон менамоям, ки неругоҳи “Роғун” барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад [1]. Дар иртибот ба мафҳум ва моҳияти «иқтисодиёти сабз» ва «неруи сабз» назари олимон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, кишоварзӣ, энергетик ва иқтисод ҳамчун такондиҳандаи рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ мегарданд. Консепсияи иқтисоди сабз ғояҳои мухталифи илмҳо иқтисод ва фалсафа, аз ҷумла иқтисоди феминистӣ, иқтисоди захиравӣ, иқтисоди экологӣ, иқтисоди муҳити зист, постмодернистӣ, зиддиистеъмолот, муқобил ба ҷаҳонишавӣ, анархияи сабз, сиёсати сабз ва назарияи муносибатҳои байналмилалиро дарбар мегирад. Ҳамин аст, ки барои амиқан ифода кардани «иқтисоди сабз» то ҳанӯз фаҳмиши ягонаю умумӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, назарияи иқтисоди сабз аз се аксиома – 1) васеъ намудани майдони таъсир дар фазои маҳдуд ғайриимкон аст; 2) афзоиши бемеъёри талаботҳои қонеъкунанда дар шароити маҳдуди захиравӣ ногузир аст ва 3) ҳама чизҳо дар сатҳи замин бо ҳам алоқаманданд, асос ёфтааст. Иқтисодиёти сабз иқтисодиётест, ки дар он мафҳуми арзиши мубодилавӣ бо истилоҳи арзиши истеъмолӣ иваз карда мешавад. Дар ин ҷо сухан дар навбати аввал оид ба сифат меравад, на миқдор. Дар консепсияҳои стандартии иқтисодиёти капиталистӣ моҳияти боигарӣ ҳама вақт бо ғункунии пул ва неъматҳои моддӣ алоқаманд буд. Ҳама гуна арзиши истеъмолӣ аҳамияти дуюминдараҷа дошт ва воситаи ҳаракат ба мақсади асосӣ ғункунии пул ва неъматҳои моддӣ ба шумор мерафт. Ҷаҳони баъди индустриалии муосир дар навбати аввал сифати иқтисодиётро талаб мекунад, ки дар он пул нақши ҳалкунандаро намебозад. Иқтисодиёти сабз ба қонеъгардонии эҳтиёҷоти одамон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист таваҷҷуҳ менамояд [8].

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. 2020 / №4/2 (49)

_____________________________________________________________________

– 213 –

Айни замон ҷомеа моҳияти ибораи иқтисоди «сабз»-ро ба маъноҳои мухталиф фарқ мекунад. Гурӯҳи аввал чунин меҳисобанд, ки ин соҳаи нави иқтисод буда, табиати муҳити зистро беҳтар мегардонад. Тарафи дуюм ин ифодаро ҳамчун технологияи нав ва як навъи экосистема, ки ба кӯмаку фоидаоварӣ ба табиат даъват мекунад, мефаҳманд. Гурӯҳи сеюм чунин мепиндоранд, ки он марҳилаи нави гузариши рушд буда, мақсади асосиаш истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Дар маҷмуъ, иқтисоди сабз ба технологияи тоза ё «сабз» асос ёфтааст.

Шарҳу тавзеҳи иқтисоди сабз бори дигар исбот месозад, ки маънию ифодаҳое, ки дар боло ба гуруҳҳо ҷудо карда шудааст, дар ҷараёни истеҳсолот зараровар набуда, балки ҷанбаҳои рушди иқтисоди миллиро дар бар мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин неъматҳои бузурги табиӣ орӣ набуда, дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад [2].

Яке аз объекти муҳимми инкишофи иқтисодиёти сабз тавре дар боло қайд карда шуд, НБО-и «Роғун» мебошад. Бунёди неругоҳи “Роғун” имкон медиҳад, ки умри неругоҳи “Норак” садсолаҳо дароз карда шавад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ба обанбори “Норак” аз неругоҳи “ Роғун” оби таҳшиншудаи соф дохил мегардад ва обанбори “Норак” аз гилу лой пур намешавад. Барои боз ҳам устувор гардонидани низоми энергетикии кишвар корҳо доир ба татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА-1000 оғоз гардидааст, ки маблағи умумии он қариб 11 миллиард сомонӣ (ҳиссаи Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ) буда, соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад. Баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла, неругоҳи барқии обии “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм мебарояд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи неругоҳи “Роғун” ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.

Бо дар назардошти ин, мо тасмим гирифтаем, ки ин иншооти ҳаётан муҳимро бо истифода аз технологияҳои беҳтарину навтарин ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифату бехатарӣ бунёд намоем [3].

Ин саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли яке аз муаммоҳои глобалӣ – кам кардани партови гази карбон ба атмосфера ва коҳиши оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 142,6 ҳазор км2 дорои захираи бузурги барқароршавандаи энергия мебошад.

Мувофиқи ҳисобҳои назарӣ иқтидори захираҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон: энергияи обӣ – 527 млрд кВт*ст/сол, энергияи офтобӣ – 3103 млрд кВт*ст/сол, энергияи биомасса – 2 млрд кВт*ст/сол, энергияи бод – 25-150 млрд кВт*ст/сол, энергияи геотермалӣ – 450 млрд кВт*ст/сол мебошад. Ҳатто қисман истифодабарии ин захираи бузурги энергетикӣ ҳама гуна фаъолиятҳои ба энергия эҳтиёҷдоштаи кишварро бо неруи барқ таъмин мекунад ва боқимондааш тавозуни

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 214 –

энергетикию вазъи экологии минтақаи Осиёи Марказиро устувор мегардонад. Маҳз ин иқтидори бузурги энергетикиро ба назар гирифта, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Чунки дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.

Ҳамин тавр, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи «энергияи сабз» ба рушди иҷтимоиву иқтисодии тамоми кишварҳо ва ташаккули «иқтисоди сабз» дар онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, истифодаи босамари партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот низ яке аз самтҳои амалисозии «иқтисоди сабз» маҳсуб ёфта, дар якҷоягӣ бо мутобиқ намудани соҳаҳои фаъолият ба тағйирёбии иқлим барои рушди устувор заминаи бунёдию шароити мусоидро таъмин менамояд [6].

Баробари рушди иқтисоди сабз тарафдорони он низ сол аз сол зиёд мегарданд, ки Мюррей Букчин (ҷомеашиноси иртиҷоии амрикоӣ), Ҷейн Ҷекобс (нависандаи канадагӣ-амрикоӣ), Эрнст Шумахер (иқтисоддони британӣ), Рейчел Карсон (биологи амрикоӣ), Дэвид Кортен (профессори тиҷорат), Роберт Костанса (иқтисоддони экологии амрикоӣ), Линн Маргулис (биологи амрикоӣ), Денниc Медоуз (профессори идоракунии система), Герман Дэйли (иқтисоддони экологии амрикоӣ), Амос Тверски (равоншиноси исроилӣ) ва Светлана Липина (иқтисоддони Русиягӣ) аз аввалинҳо мебошанд. Ҷонибдорони иқтисоди сабз аз соли 2006 инҷониб маҷаллаи International Journal of Green Economics нашр мекунанд ва ҳамзамон, Институти иқтисоди сабзро таъсис додаанд.

Дар баробари ин, мушкилоти мухталифи глобалии экологӣ, амнияти озуқаворӣ, талаботи рӯзафзуни аҳолӣ бо неруи барқ ва ҳоказо тамоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки барои бартараф кардани ин проблемаҳо, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити зист ва мутобиқ гардонидани шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба тағйирёбии глобалии иқлиму баландшавии ҳарорат ҳарчи зудтар ба модели нави иқтисодӣ рӯй оранд. Чунки зарурати коркарди модели нави рушди иқтисодӣ, яъне иқтисоди сабзро афзудани хатарҳои экологӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист ба миён овардааст. Аз ин рӯ, қисме аз коршиносон иқтисоди сабзро ба маънои васеъ, тарзи фаъолияти хоҷагидорие меҳисобанд, ки ба боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ мусоидат намуда, ҳамзамон хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдуд бошад, ҳамчун технологияи коркард, истеҳсолу истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва коҳиш додани партовҳои ифлоскунандаю газҳои гулхонаӣ, мониторинги тағйирёбии иқлим ва инчунин, технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод карда мешавад.

Фаҳмиши иқтисоди сабз ба ҳарду маъно, ҳам бо манои васеъ ва ҳам бо маънои маҳдуд истифодаи васеъ дошта, он дар ҳардуи маъно ба самти мутобиқ гардонидани шаклҳои мухталифи хоҷагидорӣ ба тағйирёбии иқлим, коҳиш додани таъсироти манфӣ ба муҳити атроф ва солимии ҷомеа, истифодаи босамари

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. 2020 / №4/2 (49)

_____________________________________________________________________

– 215 –

захираҳои табиию инсонӣ, ҳифз кардани тавозуни биомасса, истеҳсолу истифодаи маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва рӯй овардан ба манбаъҳои алтернативии энергия нигаронида шудааст.

Барои амалӣ гардидани ин нақшаҳо ва ноил шудан ба аҳдофи гузошташуда дар барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид гузариш ба «иқтисоди сабз» («green economy») ва «рушди сабз» («green growth») пешниҳод шудаанд. Ин пешниҳодот аз як тараф барои рушди иқтисоди сабз заминаҳои меъёриву ҳуқуқиро дар саросари ҷаҳон таъмин мекунад ва аз ҷониби дигар тамоми мамолики ҷаҳонро водор менамояд, ки дар марзи худ рушди сабзро тақвият диҳанд. Ва мусаллам аст, ки ҳадафи ягонаю умумӣ ҳифзи табиати сайёра, солимии аҳолӣ ва чун сабзу зебо ба мерос гузоштани хонаи умеди башарият – сайёраи замин ба насли ояндаи инсоният мебошад [6].

Таърих гувоҳ аст, ки дар тақдиру толеи инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушду инкишоф додани сохтори афкору андеша имконият фаро нарасида буд. Тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз як қатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва экологӣ инсониятро ба ташвиш оварда, олимон, мутахассисону сиёсатмадорон барои бартараф намудани онҳо ғояҳои рушдро пешниҳод менамоянд, ки яке аз онҳо маҳз иқтисоди сабз аст. Дар иқтисоди сабз ба фаъолияти он хоҷагидорие афзалият дода мешавад, ки дар баробари таҷдид ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ба баланд шудани сифати ҳаёт ва беҳбудии муҳити зист мусоидат намояд. Дар ҳуҷҷатҳои расмии кишварҳои мухталиф ҳадафҳои иқтисоди сабз аз ҳам тафовут доранд. Масалан, барои кишварҳои рушдёфта ҳадафи асосӣ – рақобат ва таъмини ҷойҳои корӣ ва дар ҳуҷҷатҳои кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳадаф – расидан ба рушди устувор, коҳиш додани масоили камбизоатӣ, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Вале дар ягон ҳуҷҷат қазияҳои экологӣ, бахусус маҳдудияти экологии рушд дар мафҳуми иқтисоди сабз ишора нагардидааст. Ин исботи он аст, ки омили асосӣ дар иқтисоди сабз – худи иқтисод ва соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, иқтисоди сабз ба таъминоти талаботҳои инсон бо назардошти алоқамандӣ бо муҳити зист ташаккул меёбад.

Бинобар ин, яке аз принсипҳои асосии иқтисоди сабз волоияти арзиши истеъмолӣ ва сифат мебошад, ки он ба истеъмолгари ниҳоӣ ва беҳдошти муҳити зист нигаронида шудааст. Дар иқтисоди сабз усулҳои ғайрисамаранок ва исрофкоронаи ташкили ҳама гуна бахши иқтисод ҷоиз нест. Тибқи ин консепсия дар табиат партов вуҷуд надорад, анҷоми як раванд ё ҷараён ин оғози равандҳои дигар мешавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки партовҳо ба сифр баробар мешаванд. Принсипи дигари иқтисоди сабз ба гуногунӣ рабт дорад ва ин мафҳум ба ҳамаи сатҳҳои зиндагӣ (гуногунии намудҳо, экосистемаҳо, минтақаҳо) ва инчунин, гуногунии иҷтимоию экологӣ дахл дорад. Бо экологикунонии ҷомеа ҳудудҳои сиёсию иқтисодӣ аз байн рафта, ба иқтисоди биоминтақавӣ табдил меёбад.

Дар иқтисоди сабз бештар ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсолоти саноати «сабз» ва энергияи барқароршаванда афзалият дода мешавад.

Аз ин рӯ, ҷанбаи тағйироти иҷтимоию экологиро дар консепсияи иқтисоди сабз дар якҷоягӣ дида баромадан мумкин аст. Дар консепсияи рушд ба ягон

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 216 –

бахши ҷамъиятию хусусии иқтисод афзалияти махсус дода намешавад. Чунки, бахшҳои давлатию хусусӣ дар бозор таваҷҷуҳи худро бояд ба арзишҳои иҷтимоию экологӣ равона намоянд. Ва дар ин раванд ҳамкории зич миёни давлат бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақсади таҳаввулоти инноватсионӣ вуҷуд дошта бошад. Барои амалӣ кардани ин таҷриба бояд тарҳи нави раванду қоидаҳои иқтисодӣ тартиб дода шаванд ва рафтори экологиро ташаккул дода, дар ҳаёти ҳаррӯзаи иқтисодӣ татбиқ намоянд.

Омили дигари амалӣ шудани иқтисоди сабз барои бартарафсозии камбизоатӣ имкони хуб фароҳам меорад. Зеро байни бартарафнамоии камбизоатӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиию экосистемаҳо робитаи мустақим вуҷуд дорад, чунки аз афзоиши сармояи табиӣ барои қишри камбизоати аҳолӣ манфиати бевосита мерасад. Дар баробари ин, тадбирҳои гузариш ба иқтисоди сабз ва дар ҳудуди 2 дараҷа нигоҳдории гармшавии глобалӣ имкон медиҳанд, ки то соли 2030 24 млн ҷойи нави корӣ ташкил мешавад. Бино ба иттилои Созмони байналмилалии меҳнат ҷойҳои нав дар натиҷаи дигаргунӣ дар бахши энергетика ба вуҷуд омада, зарурат ба кормандон дар соҳаҳои тозасозии ҳаво, об, замин ва инчунин, ҳифз аз офатҳои хусусияти табиидошта низ хоҳад афзуд.

Зеро тибқи гузориши Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ зиёда аз 80% талафоти оқибатҳои офатҳои табиӣ дар саросари ҷаҳон ба обу ҳаво, иқлим ва об: тӯфонҳо, обхезиҳо ва хушксолиҳо робита доранд. Давоми 30 соли охир шумораи ин офатҳо се маротиба зиёд гардида, дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодаи табиии солҳои 90-уми асри ХХ зиёд аз 600 000 нафар ҷон бохтаанд. Ин боиси зиёдшавии басомади шиддатноки боронҳои сахт, шамолҳои сахт, афзоиши шумораи рӯзҳои беҳад гарм, миқдори ниҳоят баланд ва хеле пасти ҳаҷми маҷро ва ҳамчунин гурӯҳи коншиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ тасдиқ менамояд, ки ин тамоил дар оянда низ идома меёбад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93%-и ҳудуди онро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ҳолатҳои фавқулода хусусияти табиидошта ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъсироти манфии зиёд мерасонанд ва ҳадафҳои рушди устуворро коҳиш медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои фавқулода аз ҳама бештар дар Бадахшон ва Зарафшон ба вуҷуд меоянд. Масалан, аз шумораи умумии офатҳои табиии дар тамоми ҷумҳурӣ 6,5%-и онҳо ба Зарафшон рост меояд.

Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент обхезии калонмиқёс соли 2012 ба қайд гирифта шуд, ки хисороти иқтисодии он 4,66 млн доллари ИМА буд. Дар ноҳияи Айнӣ чунин ҳолат соли 2002 бо зарари иқтисодии зиёда аз 3 млн доллари ИМА мушоҳида гардид. Ё бар асари офатҳои табиии соли 2005 баамаломада дар ноҳияи Ҳамадонӣ 266 хонаи истиқоматӣ хароб гардида, 2025 нафар бесарпаноҳ монданд. Ва ё 16.07.2015 дар ноҳияи Шуғнон сел 6 мағоза, роҳу хатти барқ ва 41 хонаро вайрон карда, 56 оиларо аз манзил маҳрум сохт. Ё ин ки дар натиҷаи номусоид омадани обу ҳавои солҳои 2007-2008 беш аз 40 ноҳияи Тоҷикистон дучори офатҳои табиӣ гардиданд, ки хисороти иқтисодии ин офатҳо беш аз 100 млн доллари ИМА-ро ташкил дод.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. 2020 / №4/2 (49)

_____________________________________________________________________

– 217 –

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ барои густариши ҳадафҳои иқтисодиёти сабз саҳми арзанда гузошта истодааст. Муҳиммият ва зарурати гузариш ба иқтисодиёти сабзро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои байналмилалӣ чандин маротиба иброз кардаанд. Аз ҷумла дар Конференсияи СММ “Рио+20” оид ба рушди устувор дар Рио-де –Жанейро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд: “Истифодаи самаранок ва эҳтиёткоронаи захираҳои табиӣ, ки таркиби асосии иқтисодиёти сабз мебошад, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи экосистемаҳо, ташкили механизмҳои дурусти идоракунӣ ва дастгирии муҳити бозорӣ чун як қисми самти ислоҳот дар Тоҷикистон баромад мекунад, ки ба мақсадҳои рушди устувор мутобиқи Декларатсияи Ҳазорсолаи СММ нигаронида шудааст” [7]

Дар боробари ҳолатҳои фавқулода яке омилҳои асосие, ки раванди тағйирёбии иқлиму мушкилоти оби нӯшокиро тезонида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор монеагӣ эҷод мекунад, обшавии пиряхҳо ва коҳиш ёфтани майдони яхбандиҳо мебошад. Ин раванд дар навбати аввал боиси серобии дарёҳо, шусташавии соҳил ва харобшави киштзор гардида, баъдан ба хушкшавии рӯдҳои хурд, хушксолиҳо ва норасоии об барои киштзорҳо оварда мерасонад. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми солҳои 1970-2015 камшавии майдони пиряхҳо ва афзудани шумораи офатҳои табиӣ бештар ба назар мерасид ва маҳз дар ин давра масоҳати пиряхҳои кӯҳҳои Помиру Олой 11-16% ва ҳаҷмашон соле аз 12 то 17% кам шудааст. Агар ин вазъ ба чунин тарз ифдома ёбад, то соли 2050 тахмин 30%-и пиряхҳои Тоҷикистон аз байн раванд. Тоҷикистон аз рӯи партовҳои қиёсии дуоксиди карбон (СО2) дар ҷаҳон ҷойи 135-умро ишғол менамояд. Ҳаҷми партовҳои газҳои парникӣ (гулхонавӣ) дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи кишвар дар минтақа камтар аз се фоизро ташкил медиҳад. Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар ба атмосфера ба мо дар бисёри маврид истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус гидроэнергетика, ки яке аз манбаъҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба ҳисоб меравад, мусоидати ҷиддӣ менамояд. Дар неругоҳҳои барқи обӣ, ки асоси сектори энергетикии кишварро ташкил медиҳанд, 98 фоизи қувваи барқи мо истеҳсол мешавад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим мехостам пешниҳодҳои зеринро ироа намоям: 1) Истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди “сабз” мегузорад, дастгирии ҳамаҷониба ёбад [4 ].

Мусаллам аст, ки мушкилоти мавҷуда масъалаи як бахши муайяни илм набуда, аз масоили гуногуни маҷмӯии байнисоҳавӣ иборат аст, зеро тағйирёбии иқлим на танҳо ба коҳишёбии пиряхҳо, соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ, балки ба саломатии одамон низ таъсири манфии зиёд дорад. Ба андешаи доктори илмҳои тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов, дар натиҷаи гармшавии иқлим хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла табларза, меафзояд ва бемориҳои гузаранда ба мавзеъҳое паҳн мешаванд, ки қаблан дар он ҷо ба назар

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 218 –

намерасиданд. Зиёдшавии намнокӣ бошад, боиси афзоиши дарди буғумҳо ва бемории диққи нафас мешавад. Илова бар ин, солҳои охир дар натиҷаи гармшавии иқлим ва кам боридани борон дар фасли тобистон зуд-зуд хокбориш рӯй медиҳад, ки дар ин ҳолат беморони дилу рагҳо, фишори хун ва роҳи нафас худро бад ҳис мекунанд. Ҳамчунин, хокбориш ба нашъунамои сабзавот ва сифати меваҷот низ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар бораи сабабҳои тағйирёбии иқлим фикру ақидаҳои хеле гуногун ҷой мавҷуданд. Масалан, як гурӯҳи олимон зиёдшавии гази карбонатро дар ҳаво сабаби гармшавии иқлим меҳисобанд. Тарафдорони ин фарзия ақида доранд, ки дар натиҷаи сол то сол зиёд сӯхтани газ, нафту ангишт ихроҷи гази карбонат ба ҳаво зиёд мешавад ва бадин сабаб соле зиёда аз 20 млрд тонна оксиген нобуд шуда, ҳаҷми гази карбонат зиёд мешавад. Ба ақидаи гурӯҳи дигари олимон омилҳои маҳаллӣ метавонанд сабаби гармшавии иқлим гарданд. Масалан, аз соли 1912 то соли 2007 ҳаҷми пиряхҳои кӯҳи Килиманҷаро (Танзания) 85% кам шуда, чоряк ҳиссаи он ба давраи аз соли 2010 ба ин ҷониб рост меояд. Сабаби босуръат коҳиш ёфтани майдони пиряхии Килиманҷаро буридани ҷангалзор бо мақсади бунёди қаҳвазору бананзор мебошад. Дар натиҷаи буридани дарахтони сӯзанбарг намнокии ҳаво кам шуда, гармсел пиряхҳоро об намудааст.

Чунин ҳолатро дар мисоли баҳри Арал низ метавон мушоҳида кард, ки солҳои ҳокимияти Шӯравӣ бо мақсади гирифтани ҳосили зиёди пахта заминҳои асрҳо бекорхобидаи Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба майдони кишти пахта тадбил дода шуданд. Оби дарёҳои Амударё ва Сирдарё ба пахтазору шолизори ин ҷумҳуриҳо ҷорӣ шуда, то баҳри Арал намерасид. Дар натиҷа, чорумин кӯли калонтарини ҷаҳон ба хушкшавӣ сар кард. Соҳили баҳр аз шаҳри Муйнаки Ӯзбекистон 100 км қафо рафт. Яъне, масоҳати 100 км ба биёбони сӯзони пур аз таҳшини заҳрхимикату намакҳо табдил ёфт. Охири солҳои 80-уми асри ХХ сатҳи оби Арал кам гардида, баҳр ба ду қисмат: Арали хурд (шимол) ва Арали калон (ҷануб) ҷудо шуд. То соли 2007 ҳаҷми Арали калон аз 708 км3 то ба 75 км3 кам шуда, шӯрнокии об аз 14 то ба 100 г/литр расид. Ҳангоми вазидани тундбод миқдори зиёди чангу ғубор ва заррачаҳои намаки масоҳати холишудаи баҳри Арал ба фазо бархеста, ба сари як қисм сокинони Осиёи Марказӣ мерезад ва заррачаҳои намак боиси зуд об шудани пиряхҳои Тоҷикистону Қирғизистон мегарданд.

Яке аз роҳҳои мубориза ба ин хатари бузург ва мутобиқ намудани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба тағйирёбии иқлим кам кардани партовҳои саноатию маишӣ, афзун намудани ҷангалзорҳо, гузариш ба манбаъҳои алтернативии энергия ва истеҳсолу истифодаи маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба шумор меравад. Ба андешаи директори Маркази омӯзиш ва тадқиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Қурбонҷон Кабутов, дар Тоҷикистон истифода бурдани энергияи офтобу шамол, дарёҳои хурд ва биогаз дурнамои хуб дорад. Мисол, истифодаи обгармкунаки офтобӣ дар шаҳру деҳот боиси сарфаи ҳезуму барқ мешавад. Аз поруи чорво ба ҷои таппак кардан метавон биогаз ҳосил кард, ки самараи он даҳчанд аст. Ва ё тавассути бунёди неругоҳҳои барқи обии хурд метавон чанд хонаводаро тамоми сол бо барқи арзону тоза таъмин кард.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. 2020 / №4/2 (49)

_____________________________________________________________________

– 219 –

Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои риоякунандаи принсипҳои «энергияи сабз» эътироф мешавад. Дар мавриди истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд ва аз рӯи захираҳои оби тозаи ошомиданӣ низ ҷойгоҳи пешсафро дорост. Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 13 000 пирях ва 1 000 дарё мавҷуд аст, ки сарчашмаи ташаккули тақрибан 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ мебошанд. Мавҷудияти ин захираҳо барои рушди «иқтисоди сабз» замина фароҳам меоваранд. Истифодаи муштараки иқтидори бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки сатҳи таъминоти кишварҳои минтақа бо неруи барқ ба таври назаррас баланд гардад, хароҷоти истеҳсоли он коҳиш дода шавад, таҳдид ба муҳити зист ва ҳаҷми партобҳои гази карбон ба атмосфера кам карда шавад. Мо барои ҳамкорӣ дар ин самт ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар истифодаи ин иқтидорҳо омода ҳастем. Аз худ кардани беш аз 400 кони канданиҳои фоиданоки дар Тоҷикистон иктишофшуда барои рушди самарабахши саноати маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи ранга ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ замина мебошанд. [5]

Марказ барномаи давлатии «Барномаи комплексии мақсаднок доир ба истифодабарии васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ба монанди энергияи дарёҳои хурд, офтоб, шамол, биомасса, энергияи манбаъҳои зеризаминӣ барои солҳои 2007-2015»-ро иҷро карда, дар доираи он давоми солҳои 2009-2010 се лоиҳаро дар ноҳияҳои Ш.Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг амалӣ намуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масоҳати 142,6 ҳазор км2 дорои захираи бузурги барқароршавандаи энергия мебошад. Мувофиқи ҳисобҳои назарӣ иқтидори захираҳои алтернативии энергия дар Тоҷикистон: энергияи обӣ – 527 млрд кВт*ст/сол, энергияи офтобӣ – 3103 млрд кВт*ст/сол, энергияи биомасса – 2 млрд кВт*ст/сол, энергияи бод – 25-150 млрд кВт*ст/сол, энергияи геотермалӣ – 450 млрд кВт*ст/сол мебошад. Ҳатто қисман истифодабарии ин захираи бузурги энергетикӣ ҳама гуна фаъолиятҳои ба энергия эҳтиёҷдоштаи кишварро бо нерӯи барқ таъмин мекунад ва боқимондааш тавозуни энергетикию вазъи экологии минтақаи Осиёи Марказиро устувор мегардонад. Маҳз ин иқтидори бузурги энергетикиро ба назар гирифта, созмонҳои байналмилалии соҳавӣ нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил мебошад. Чунки дар кишвари мо истеҳсоли неруи барқ танҳо аз ҳисоби энергияи обӣ 98%-ро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон тайи солҳои 2011-2015 ба ҳисоби миёна 99,56% неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол шудааст.

Ҳамин тавр, истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи «энергияи сабз» ба рушди иҷтимоиву иқтисодии тамоми кишварҳо ва ташаккули «иқтисоди сабз» дар онҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин, истифодаи босамари партовҳои истеҳсолӣ ва экологикунонии ҷараёни истеҳсолот низ яке аз самтҳои амалисозии «иқтисоди сабз» маҳсуб ёфта, дар якҷоягӣ бо мутобиқ намудани соҳаҳои

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 220 –

фаъолият ба тағйирёбии иқлим барои рушди устувор заминаи бунёдию шароити мусоидро таъмин менамояд.

Адабиёт: 1. Суханронӣ дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии неругоҳи барқи обии «Роғун» 10.05.2017, www. president.tj 2. Суханронӣ дар мулоқот бо бунёдкорони неругоҳи барқи обии Роғун

14.10.2020, www. president.tj 3. Суханронӣ дар маросими иваз кардани маҷрои дарёи Вахш, 29.10.2016 4. Суханронӣ дар 40-умин ҷаласаи Конфронси Генералии ЮНЕСКО дар масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим 12.11.2019 www. president.tj 5. Суханронӣ дар мизи мудаввар дар доираи Форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» 27.04.2019 www. president.tj

  1. Номвар Қурбонов. Табиатшинос. https://ravshanfikr
  2. Баромади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон дар Конференсияи СММ «Рио+20» оид ба рушди устувор дар Рио-де-Жанейро (Бразилия)//http://www.news.tj/ (санаи муроҷиат 31.01.2019)
  3. Кучеров А.В., Шибилева О.В. Концепция зеленой экономики: основные положения и перспективы развития //Ежемесячный научный журнал «Молодой учёный». -126с.

ГИДРОЭЛЕКТРОСТАНЦИЯ РОГУН ДЕЛАЕТ ВОЗМОЖНОСТЬ ПЕРЕХОДА В «ЗЕЛЕНУЮ ЭКОНОМИКУ»

ХУРРАМЗОДА МУМИНШО ХУРРАМ,

соискатель кафедри политологии и связей с общественностью

Академии государственного управления при

Президенте Республики Таджикистан

Душанбе, ул. Саид Носир, 33.

Тел.: (+992) 111-10-41-43; E-mail: amvol2017@mail.ru

В своей статье автор объясняет важные аспекты Рогунской ГЭС с точки зрения преимуществ зеленой экономики. В частности, он рассмотрел Рогунскую ГЭС как стратегический объект страны и ее важность для будущего развития всех секторов национальной экономики, обеспечение одной из стратегических целей страны – достижение энергетической независимости Республики Таджикистан. Еще одна надежная цель Рогунской ГЭС – обеспечить, чтобы вырабатываемая ею электроэнергия была экологически чистой и не наносила вреда окружающей среде. В будущем это создаст надежную экономическую и научную основу для обеспечения «зеленой энергии» и развития «зеленой экономики»

Таким образом, одним из основных принципов зеленой экономики является превосходство потребительской ценности и качества, которое нацелено на конечного потребителя и улучшение окружающей среды. В «зеленой» экономике недопустимы неэффективные и расточительные методы организации какого-либо сектора экономики. Согласно этой концепции, в природе нет отходов, конец одного процесса или процесса является началом других процессов. То есть это означает, что отходы нулевые.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. 2020 / №4/2 (49)

_____________________________________________________________________

– 221 –

В этой статье цитируются мнения ученых, исследователей, политиков и экономистов о преимуществах Рогунской ГЭС, которая является основой зеленой энергетики и зеленой экономики, и четко определены цели и перспективы исследований по этой теме. Изучаются и анализируются альтернативные ресурсы и другие неиспользованные возможности Республики Таджикистан в связи с развитием экономики страны и, на этой основе, существующие проблемы изменения климата, которые иногда приводят к заболеваниям. Очевидно, что текущая проблема – это проблема не определенной отрасли науки, а различных междисциплинарных вопросов, поскольку изменение климата оказывает значительное негативное влияние не только на сокращение ледников, сельское хозяйство и экономику, но и на здоровье человека. плохое самочувствие крови и дыхательных путей. Почва также отрицательно влияет на рост овощей и качество фруктов.

Ключевые слова: зеленая экономика, зеленая энергетика, глобализация и индустриализация, глобальные проблемы, альтернативная энергетика, истощение природных ресурсов, экологически чистая энергия, экологический кризис, энергетическая независимость, парниковые газы.

ROGUN HYDROELECTRIC POWER PLANT MAKES IT POSSIBLE TO TRANSFER TO THE “GREEN ECONOMY”

KHURRAMZODA MUMINSHO KHURRAM,

unvonchu of Political Science and Public Relations of the

Academy of Public Administration under the

President of the Republic of Tajikistan

Dushanbe, st. Said Nosir, 33.

Тел.: (+992) 111-10-41-43; E-mail: amvol2017@mail.ru

In his article, the author explains the important aspects of the Rogun Hydropower Plant in terms of the benefits of a green economy. In particular, he considered the Rogun hydropower plant as a strategic object of the country and its importance for the future development of all sectors of the national economy. Ensuring one of the strategic goals of the country – achieving energy independence in the Republic of Tajikistan. has. Another reliable goal of the Rogun hydropower plant is to ensure that the electricity generated by it is environmentally friendly and does not harm the environment. In the future, it will create a reliable economic and scientific basis for the provision of “green energy” and the development of a “green economy”.

Takim oʙrazom, odnim osnovnыx prinцipov zelenoj ekonomiki javljaetsja prevosxodstvo potreʙitelьskoj цennosti kacestva, kotoroe naцeleno konecnogo potreʙitelja ulucşenie okruƶajuщej sredы. B zelenoj ekonomike nedopustimы neeffektivnыe rastocitelьnыe metodы organizations kakogo-liʙo sektora ekonomiki. Soglasno etoj konцepцii prirode net otxodov, koneц odnogo proцessa or proцessa javljaetsja nacalom drugix proцessov. Estь eto oznacaet, cto otxodы nulevыe.

This article cites the views of scientists, researchers, politicians and economists on the benefits of the Rogun Hydropower Plant, which is the foundation of green energy and the green economy, and clearly defines the purpose and prospects of research on the subject. Alternative resources and other untapped opportunities of the Republic of Tajikistan in

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УПРАВЛЕНИЕ. 2020 / №4/2 (49)

_________________________________________________________________________________

– 222 –

connection with the development of the country’s economy and on this basis the existing problems of climate change, which sometimes lead to diseases, are studied and analyzed.

It is obvious that the current problem is not a problem of a certain branch of science, but of various interdisciplinary issues, as climate change has a significant negative impact not only on the reduction of glaciers, agriculture and economic, but also on human health.

blood and airways feel bad. Soil also has a negative effect on vegetable growth and fruit quality.

Key words: green economy, green energy, globalization and industrialization, global problems, alternative energy, depletion of natural resources, environmentally friendly energy, environmental crisis, energy independence, greenhouse gases.