Табрикоти Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ба муносибати пешвозгирии ҷашни Сада

Ҳозирини  гиромӣ! Мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд. Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Имрӯз, ки мо дар остонаи ҷашни Сада қарор дорем, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ойини деринаи мардумамон самимона табрик мегӯям.

Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ дар ҳамин аст. Сада яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат, мужда аз фасли зебои сол яъне баҳор ва оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд.

Ҳозирини гиромӣ! Мавриди ёдоварист, ки амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Доир ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашн мусоидат кард. Ва ҳамасола  ин ҷашн дар руҳияи ватандӯстӣ таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадима ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамоянд.

Маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд. Имрӯз мо ин маросиму ҷашнҳоро эҳё намуда, онҳоро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунем.

Дар воқеъ, Меҳргон ва Сада падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд. Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд. Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодони мардуми мо қарор дошта, аз замони дуру дарози таърих маншаъ мегирад. Сада рамз ё пайки баҳор, айёми зебошавии табиат ва оғози кишту корӣ  деҳқон мебошад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак ғалакорон боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд  заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми намоён мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Сада яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан ба шуғли кишоварзӣ марбут аст. Ҷашни Сада таҷасумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомат инъикос менамояд ва онҳоро боз ба омода будан ба кишту кори баҳорӣ мужда медиҳад.

Дар мавсими зимистон ва анҷоми чилла фаро расидани иди Сада басо рамзӣ мебошад. Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.

Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, дар таъмин намудани талаботи ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрамон саҳми босозае дорад. Таҳлилҳо нишон дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.  Меҳнаткашони  зафарманди шаҳри Роғун дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ карда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона  дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми  сазовори худро гузоштаанд. Бо ин мақсад кишоварзон ва деҳқонони  шаҳри Роғун баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинони шаҳр ва кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз ҳозир омодагии ҳаматарафа мебинанд, то ин ки  бо истифодаи самараноки замин ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварамон саҳм гузоранд.

Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин  сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азизро ба муносибати ҷашни бостонии тоҷикон – Сада самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ, сулҳу субот ва файзу баракат ва дастархони пурнозу неъматро таманно менамоям.     

Ҷашни Сада муборак, ҳамдиёрони азиз!       Саломату сарбаланд бошед.