Ситоди муштарак оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун

Санаи 23-юми сентябри соли ҷорӣ дар толори МИҲД-и шаҳри Роғун, бо роҳбарии раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар. Ситоди муштарак оиди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кӯчаву маҳаллаҳо, сардори Камиссарияти  ҳарбӣ, намояндаи шуъбаи КДАМ дар шаҳри Роғун, намояндаи ШВКД ва сокинони шаҳри Роғун баргузор гардид. Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар  ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, зиёд гардидани теъдоди  ихтиёриён  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андешаронӣ карданд.  Аз ҷумла қайд  намуд, ки шароити хизмати ҳарбӣ дар   сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Барои ҷавонон хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишонаи ҷавонмарди ва худшиносии миллӣ мебошад. Расидан ба қадри озодӣ ва фазои сулҳу салоҳ дар Ватан ин вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандусту бо маърифат мебошад. Ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз бояд донад, ки Ватан ва озоди

 аз ҳама дастоварди бузурги инсони асил ба шумор меравад. Ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ яке аз волотарин амалҳое мебошад, ки инсон бояд нисбати онҳо ҳамчун ватандор бетаваҷҷуҳ набошад. Ҷавонони моро зарур аст, ки барои ободии ватани азизу маҳбубамон камари ҳиммат баста баҳри гулгуншукуфии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.