Самараи Истиқлолият

          

 Бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бо ҷалби сармоягузории Бонки осиёии рушд бинои таълимии замонавии рушди малакаҳо дар соҳаи энергетика сохта мешавад. Дар ин маркази таълимӣ омода намудани ихтисосҳои идоракунандаи соҳаи энергетика дар назар аст. Бо мақсади аз наздик шинос гардидан бо корҳои сохтмонӣ, маълум намудани дигар ихтисосҳои зарурӣ ва пешбинӣ намудани он барои омӯзиш дар ин марказ гуруҳи корӣ дар ҳайати Роналд Каммаерт-Роҳбари гуруҳи мушовирон, Коблер Эберҳарт-Иқтисодчии бозори меҳнат, Бобохонов Абдумаҷид-Мушовири инфиродӣ, Исматуллоев Исматулло-Муовини роҳбари гуруҳ, Қудусов Ҷамшед-Иқтисодчии бозори меҳнат, Сафаров Шокирҷон-Ассистенти лоиҳа санаи 14.08.2019 ба шаҳри Роғун ташриф оварданд. дар ин сафар гуруҳи кориро Файззода Раҳматулло- муовини Раиси шаҳр, Худойдодов Абдулмумин-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Билолзода Наҷибулло-раиси Кумитаи идораи заминсозӣ, Мирзоев Фаридун-мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндаи ҶСК “НБО Роғун”  ҳамроҳӣ намуданд. Гуруҳи корӣ сараввал аз рафти корҳои сохтмонии иншооти аср намуда, ба бунёдгарони ин сохтмон баҳои баланд доданд. сипас, аз нақбҳо, дарғот ва пешдарғот низ дидан карда шуд. Аз ҷониби намояндаи ҶСК “НБО Роғун” иттилоъ дода шуд, ки дар баробари ба кор даромадани агрегатҳои ин неругоҳ  кадрҳои ихтисосманди идоракунандаи ин дастгоҳҳо муҳим мебошад. Аз ин рӯ, сохта ба истифода додани чунин марказҳои таълимӣ дар шаҳри Роғун мувофиқи мақсад мебошад. 

       Гуруҳи корӣ низ тарҳи ин лоиҳаро дар шаҳри Роғун саривақтӣ ҳисобиданд.  Ёдовар мегардем, ки тарҳи ин лоиҳа бо маблағи беш аз 9 млн доллари Амрикоӣ пешбинӣ гардидааст, ки айни замон корҳои лоиҳакашӣ оғоз гардида, соли 2020 сохтмони ин марказ шуруъ мегардад.