Парчам-Рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ

      Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Роғун корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Рӯз то рӯз симои ин шаҳри нурофар зебо гардида, иншоотҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Бо мақсади боз ҳам зебо гардонидани шаҳр бахусус роҳи 10,7 км даромадгоҳи Роғуншаҳр аз ҷониби шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкори маҳаллӣ рамзи Парчами давлатӣ дар шакли зебо  дар 4 мавзеъи муносиб сохта ба истифода дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар бунёди он беш аз 30 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Парчам-Рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ буда, ҷилои он ба ҳар як сокини ватандӯст руҳу равони тоза мебахшад.

                                                                                                                       Таҳияи Абдулмумин Назрулло