Рӯзи матбуот – иди касбии рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “Рӯзи матбуот” ҳар сол 11 март ҳамчун иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба муносибати 11 марти соли 1912 нашр гардидани аввалин рӯзномаи форсии тоҷикӣ “Бухорои Шариф” дар аморати Бухоро ба миён омадааст. Моҳи марти соли 2012 – 100 – солагии рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта шуд.  

Ба ин муносибат  аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Давлатзода Зебо, сармуҳарири рӯзномаи шаҳрии “Нури Роғун”,  барои саҳми арзанда  дар тарғибу ташвиқи  сиёсати давлатӣ, инъикоси саривақтӣ ва касбии дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр, фаъолияти самараовари  эҷодӣ, ҳамкории хубу пурмаҳсулашон ба ин санаи таърихӣ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.    

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                        Раҷабалиева  Шоира