Рӯзи Президент, санаи фархундаю муқаддас

Санаи 16 –уми ноябр Рӯзи Президент, ҳамчун санаи муқаддас дар шаҳри Роғун бо тантана  ва шукӯҳу шаҳомати хоса  ҷашн гирифта шуд, ки  ин чорабинии таърихӣ бо табрикоти Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар  Сулаймон ибтидо ёфт. Раиси шаҳр ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, зимни  суханронӣ  оид ба ин Рӯзи фархунда  ибрози доштанд, ки; «…таҷлили  Рӯзи  Президент  яке аз  ҷашнҳои  фараҳбахши  мардуми  тоҷик  ба  ҳисоб  рафта, идест,  ки эътиқод  ва  эҳтироми  фавқулодаро  нисбати  Асосгузори  сулҳу Ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ифода  мекунад… Хизматҳои  бузурги  Асосгузори  сулҳу   ваҳдати  миллӣ-  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ташаккули  давлатдории  навини  кишвар,  эҳёи  давлати  миллӣ,  таъмини  сулҳу  ваҳдат  ва  баланд  бардоштани  нуфузу   эътибори  Тоҷикистон  дар  арсаи  байналмилалӣ хело  барҷаста мебошад. Пешвои  муаззами  миллат,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  заҳматҳои   шабонарӯзӣ  ва  созандагию  бунёдкориашон  ифтихори  миллат,  поягузори  сулҳу  ваҳдат  ва  меъмори  давлати  навини  тоҷикон  гардидаанд,   ки  бо  матонату  диловарӣ   тавонистанд  миллати  тоҷикро  аз  вартаи  ҳалокат  раҳо  намоянд.” Ҳамин тавр, бо ба ёд овардани хизматҳои шоён, ҷоннисориҳо дар роҳи эҳёи миллату давлат, сулҳу субот, озодию ободӣ, созандагию бунёдгузории Пешвои муаззами миллат, ин рӯзи хуҷастаро аз номи мардуми сарбаланди шаҳри Роғун ва аз номи хеш Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Рӯзи Президент сидқан ва самимона табрику муборакбод намуданд.  инчунин,  барои пойдорию устувории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ, тенҷию амонӣ, ободию гулгулшукуфтанҳои Ватан, ки ин ҳама маҳсули заҳматҳои     шабонарӯзии кашидаи Пешвои муаззами миллатанд, даъват ба амал оварданд,   ки  мо бояд баҳри ҳимояи ин муқаддасот ва арзишҳои доштаамон доимо дар саъю талош  бошем.  Дар охир орзу намуданд, ки  Ватани  азизи  мо  хонаи  умеди  тамоми тоҷикони  дунё  таҳти  Сарварии  Пешвои  муаззами  миллат   муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  боз  ҳам  ободу зеботар  гардад  ва  хуршеди  бахти  давлати  соҳибистиқлоли  мо  то  абад  нурбахши  ҳар  як  хонадони  кишвар  бошад.

Зебо Давлатова  “Нури Роғун”