Файззода Раҳматулло Нусратулло- муовини якуми Раиси шаҳри Роғун
ТАВСИФНОМА
Файззода Раҳматулло Нусратулло- муовини якуми Раиси шаҳри Роғун, соли таваллудаш 20.04.1966, тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои сиёсӣ, хатмкардаи Донишгоҳи соҳибикорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва коллеҷи техникии шаҳри Роғун, бо ихтисосҳои иқтисодчӣ-менеҷер, ҳуқуқшинос ва муҳандис-сохтмончӣ
Файззода Раҳматулло Нусратулло фаъолияти меҳнатиашро аз боғчаи бачагонаи №5 шаҳри Кӯлоб ба ҳайси коргар оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои муҳосиби идораи савдои шаҳри Кӯлоб, ҳисобчии комбинати гӯштбарории шаҳри Кӯлоб, мудири хоҷагии базаи пахтаи шаҳри Душанбе, мудири мудирияти корҳои иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, муовини раиси иттифоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори идораи молия ва хоҷагии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи меҳмонҳои расмӣ ва чорабиниҳои протоколии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии чумҳурии Тоҷикитсон дар шаҳри Санк Петербурги Федератсияи Россия, муовини якуми директори Хадамоти давлатии шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармутахассиси ҳамин Раёсат кору фаъолият намудааст.
Меҳнати содиқонаи Файззода Раҳматулло Нусратулло аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта шуда, соли 2018 барои муовинии раиси шаҳри Роғун пешниҳод гардида, то оғози соли 2021 ҳамчун муовини раиси шаҳри Роғун фаъолият намудааст.
Номбурда дар давоми фаъолияти кориаш ба муваффақиятҳои касбӣ ноил гардида, аз моҳи январи соли 2021 бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муовини якуми раиси шаҳри Роғун адои вазифа менамояд. Собиқаи кории умумиаш 39 солро ташкил медиҳад. Дар давоми фаъолияти кориаш Ӯ бо мукофоти давлатии «Медали хизмати шоиста» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.
Мавсуф барои пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, бахусус бо мақсади рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагиҳои халқ ташаббусҳои нав ба навро роҳандозӣ менамояд. Дар амали намудани қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии дахлдор шахси масъулиятшинос ва серталаб ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, дар корҳои ободонию созандагӣ саҳми босазо гузошта, пайваста баҳри ободу зебо гардидани диёри азизамон кушиши зиёде ба харҷ медиҳад.
Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ин самт чораҳои муҳим меандешад. Умуман, Файззода Раҳматулло Нусратулло шахсияти бофарҳангу ватандӯст буда, сазовори иззату эҳтиром мебошад.
Добавить комментарий