Баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар шаҳри Роғун
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, шумораи кормандони ҶСК НБО «Роғун» бояд ба 20 000 ҳазор расонида шавад. Бо мақсади иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун санаи 17 марти соли ҷорӣ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Оби-Гарм ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро дар соҳаи сохтмони ҶСК НБО «Роғун» бо ҷалб ва иштироки 10 ташкилоту корхонаҳо, ҳамзамон бо пешниҳоди 1367 ҷойҳои кории холӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ташкилоту муассисаҳои ҶСК «НБО Роғун», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж, ҶСФ «Сохтмони асосӣ» НБО Роғун, ҶДММ «Нурсоз», ҶДММ «Саманд сохтмон», ФҶСП «Хокруд», ҶДММ «Фарроб», ҶДММ «Инвентор», ҶСП «Заводи таҷрибавӣ- механикии ш.Норак» ва ҶСК «Тоҷикгидромантаж» пешниҳод карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон иштирок карда, 30 нафар номнавис гардида роҳхат ва тавсияҳо барои ҷойҳои кори холӣ дода шуд. Ичунин дар ярмаркаи мазкур ба 15 нафар занону духтарони хонашин ва бе касбу ихтисос аз маҳалаҳои кӯчаи Калтаҳо ва Қандак дар Маркази таълимии калонсолон дар ноҳияи Файзобод роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.
Аз ҷониби масъулини шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Роғун минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, чунин ярмаркаҳо ва чорабиниҳоро дар дигар мавзеъҳои ҳудуди шаҳр бо ҷалби корфармоёну корҷӯён баргузор менамояд.
Добавить комментарий