ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО АҲОЛӢ
14.12.2022 ш. Роғун
Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, вохурию мулоқотҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби сокинони маҳал тибқи нақша баргузор карда мешавад.
Ҳайати гурӯҳи корӣ иборат аз масъулини соҳаи идеологии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шӯрои маҳалла иборат мебошанд.
Дар вохӯриҳо ҳайати гурӯҳи корӣ вобаста ба мавзӯҳои тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар амал татбиқ намудани дастури ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, иҷрои нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, татбиқи бо самари сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, дин танзиму анъана ва ҷашну маросим, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, амалӣ намудани ғояҳои созандаи Ҳизбӣ халқии демократии Тоҷикистон, ифтихори ватандорӣ, пешгири омилҳои номатлуб дар миёни шаҳрвандон, расонидани мазмуну моҳияти мақолаи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”, татбиқи қонунҳои миллӣ, қарорҳои раиси шаҳри Роғун, хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ маърӯзаҳо ироа гардиданд. Чорабинии мазкур дар тамоми қаламрави шаҳр бо фарогирии аҳолӣ гузаронида шуд.
Добавить комментарий