Ватан-ҷону тан (Очерки бадеӣ)

     Дар баробари пешрафти босуръати техникӣ дар ҷамъият муаммоҳое зуҳур мекунанд ва ё ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки андеша карданро водорамон месозанд, ҳарчанд перомуни ҳама гуна ҳодисаҳо сарчашмаҳои моддӣ заминагузорӣ мекунанд, аммо дар меҳвари онҳо ҳам наметавон хомӯш нишаст ва ё сукут аломати ризо гуфт. Вақте дар ин гуна ҳолатҳо бетарафиро ихтиёр мекунем, ин аллакай гуноҳи бузургест, зеро инсон бояд ҳамеша мавқеъгири адолат бошад. Шояд нафаре пурсад: – Адолат худ чист? Он дар чӣ зуҳур меёбад? – Адолат аз рӯйи инсоф кор кардан аст ва он дар муносибати мо дар ҷамъият (оғоз албатта оила) зуҳур меёбад. Пас, моро лозим аст, ки ин меъёрро риоя кунем ва аз он пуштибонӣ ҳам намоем, зеро тараққиёти ҷамъият аз ҳамаи мо вобастагӣ дорад. Рӯҳи ҷамъият аз кору фаъолият ва муносибати мо нерӯ мегирад, ба ин маънӣ, ки рӯҳи солимро ҳам метавон зуҳуроти ахлоқи ҳамида гуфт, зеро ҷомеаро танҳо меъёри инсондӯстона ба маҷрои тараққиёту рушд мерасонад.

     Мо – тоҷикон таъриху тамаддуни чандҳазорсола дорем. Инро ҳеҷ касе наметавонад инкор бикунад, аммо имрӯз, дар асри XXI мо кадом арзишҳои маънавии аҷдодони бузургамонро ба мерос гирифтаем? Магар тоҷикон тамаддунро ба ҷаҳониён наомӯзонданд? Бешак, гузаштагони мо дурахши хоссаи худро доштанд, ки маҳз ба туфайли он моро муяссар шуд, ки Истиқлолияти худро ба даст орем. Талошу муборизаҳои таъсисёбии Республикаи советии сотсиалистии Тоҷикистонро ҳама медонем. Он осон ба даст наомада буд. Аммо имкониятамон дод, ки тоҷикон замина барои истиқлолияти миллӣ дошта бошанд.

         Албатта, аз асотир то имрӯз басо марҳилаҳои бисёре паси сар шуда, ки ҳама дар китоби таърих сабт гардидаанд. Аммо моро лозим аст, ки таърихи имрӯзаи миллатамонро бо дастони худ нависем. Саволе пеш меояд, чӣ гуна онро нависем?

     Вақте талошҳои ватанхоҳию меҳанпарастии аҷдодонамонро дар саҳифаҳои таърих мехонем, оё андешае ба сарамон меояд, ки мо ҳам бояд саҳифаи дурахшоне ба он зам намоем? Зеро омадану рафтани моро бояд маъние бошад. Шояд парешон ҳарф мезанам, аммо мақсадам танҳо як чиз аст. Мехоҳам ҳама ҳиссиёту садоқати худро нисбати сарзамини азизам, Тоҷикистони ба ҷон баробарам баён созам. Вақте бародарам ба Амрико барои таҳсил мерафт (оилаашро ҳамроҳаш бурд) фикр карда будам, ки ҷиянҳоям дар шароити беҳтарин (дар он ҷо барои одамон танқисии моддӣ умуман вуҷуд надорад, оддитаринаш яхдони пур аз озуқаворӣ, шароити олии таълим бо истифодабарии технологияи навтарини муосир дар мактабҳо)-и он ҷо зиста, дигар хоҳиши баргаштан намекунанд, аммо вақте ҳинни сӯҳбати телефонӣ Меҳрангез, ки дар синфи сеюм таҳсил мекунад, гуфт: – Аммаҷон, ман Америкаро дӯст намедорам. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам, – чашмонам пури ашк шуд. Вақте кӯдак арзиши ватандориро ин қадар ба дард эҳсос мекунад, вақте кӯдак Ватанашро ёд мекунад, умедворӣ ба дили мо рӯшноӣ мебахшад, зеро муҳаббати мо сӯи ҷовидона роҳи дидор мегирад ва ояндаро хушбинӣ менамояд.

   Сафар карданро бисёр дӯст медорам. Мошинсавор ба шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ рафтан бароям басо маъқул аст. Ҳиссиёти хуше вуҷудамро фаро мегирад. Табиати зебою нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯсу барфпӯш, раҳи ҳамвору шаффофи Хуҷанд-Душанбе дар дилам эҳсоси ширинеро бедор мекунанд. Чӣ хубе, ин ҳама зебоӣ аз ман аст, барои ман аст! Чанде пеш вақте  ба шаҳри Душанбе рафта будам, ҳамсафарони хуб ҳамроҳам буданд. Сӯҳбатамон аз ину он ҷараён гирифт, ки дар омади гап пурсидам, Ватан барои шумо чист? Толмас Душабоев гуфт: – Ватан барои ман ҷону тан аст. Вай писараш Исомиддинро барои дохилшавӣ ба омӯзишгоҳи ҳарбӣ мебурд. Орзу дорад, ки фарзандашро ҳимоятгари арзандаи Ватан бубинад. Шукрулло Турсунов, ки ронандаи мо буд, илова кард. – Ватан  хонаи ман аст. Чӣ хеле бе хона зиста намешавад, бе Ватан хам зистан номумкин мебошад. Абдурашид Атаҷонов, ки дар қисми ҳарбии 2849, қӯшунҳои сарҳадӣ, дар шаҳри Турсунзодаи қишлоқи Яхшиобод хизмат карда буд, гуфт: – Ватан модари ягонаи ман аст!

      Сӯҳбати моро нафаси тозае зам шуд. Аз он сӯҳбат ҳамин қадар ба ҳаяҷон омадам, ки тасмим гирифтам, ҳатман маводе менависам. Мо – ҳамсафарон тасодуфан дар як мошин қарор доштем ва моро тайи ин соатҳо фақат як чиз пайванд кард: эҳсоси ширини ватандӯстӣ. Фикри ҳамаи мо гуногун буд, аммо эҳсоси мо якхела. Абдурашид гуфт, ки хизмат ба Ватан инсонро ҳаматарафа обутоб медодааст. Ин марҳилае, ки ҷавонон худашонро бештар мешиносанд. Шароити хизмат хуб, дӯстони зиёде дорад ва ба қадри волидайну пайвандон ва Ватани азизаш зиёдтар мерасад…

     Барои тамошо ба музейи марказии ба номи Камолиддини Беҳзоди шаҳри Душанбе рафтам. Ба назарам чунин намуд, ки таърих аз гузаштаҳо бо нигоҳи борикбинона сӯям менигарад. Таърих пешорӯйи ман буд, гузаштаву асламро бозгӯӣ мекард. Фосилаи тӯлониро дар худ ғунҷоиш дода, имрӯзамро раҳнамунӣ мекард ва ояндаро башорати меҳр медод. Дар лавҳаҳои он ҷо тарзи зиндагии давраҳои гуногунро дидан мумкин аст. Эҳсос мекардам, ки зиндагӣ бо маҷрои худаш дар тапиш буд. Гузаштагони мо зистанд, вазифаашонро сарбаландона иҷро карданд ва чархи таърихро ба дастони мо вогузор намуда рафтанд. Акнун аз мо вобаста, ки рисолати таърихиамонро чӣ гуна ба сомон мерасонем?.. Дар он ҷо бо Ардашер шудам. Вай ҳамроҳи модаркалонаш-Ниёзбегим Мирзоева ба музей омада буд. Дӯстдори таърих будани ӯ маълум буд. Аз гуфтору рафтори кӯдаконааш аён, ки ба омӯзиши таърихи Ватан меҳри беандоза дорад. Бо ҳаяҷону эҳсосоти зиёд ҳарф мезад, аммо дили кӯчаки саршори муҳаббаташ ҳамоно тез-тез метапид. Охир, вай наметавонад ҳамаи эҳсосҳояшро баён бикунад. Гуфтам: муҳим, ки дар дилаш ҷӯш мезанад. Вай орзу дорад, ки дар оянда ҳуқуқшинос бишавад.

     Оре, ҳама ба маҷрои зиндагии худ оҳиста-оҳиста равонанд. Ҳар яке мақсаду умеде дорад. Ояндаи хушбахтонаву пурсаодат ва тинҷиву оромиро орзу намуда, меҳнат мекунанд. Вақте саҳаргоҳон ба осмон назар мекунед, чӣ қадар сипеҳр тозаву пурсафост. Накҳати субҳ мисоли навои хуши тақдир оҳанги зиндагиро дар вуҷуди мо танин меандозад. Зиндагӣ дар ҷӯш аст. Зиндагӣ бедор аст. Писараке чашмонашро молида-молида аз ҷойхобаш базӯр мехезад. Бо нозу эркагӣ модарашро оғӯш мекунад. Модар бо табассуми ширин фарзандашро оғӯш карда, аз рӯяш мебӯсад ва таъкид мекунад, ки ба ғафлат намонад, бояд ба мактаб биравад. Хонад, дар оянда олими бузург шавад. Сари модар аз муваффақияти фарзанди дилбандаш баланд мегардад. Писарак ба суханҳои модараш гӯш медиҳад ва мегӯяд: – Агар, ман баҳои 5 гирам, ба ман велик мехаред? Модар фарзандашро дубора мебӯсад. – Ба падарат мегӯям, ҳатман ба ту  велик мехаранд. Мард ҳам аз хоб бедор мешавад. Бо чашмони пӯшида танбалонаву бо меҳр ба болини ҳамсари азизаш даст мерасонад, аммо болинро холӣ дида, ба ёдаш мезанад, ки саҳар шуда. – Азизам, вақти кор шуд, – мешунавад садои меҳрубононаи занашро. – Ақаллан як бор то сер шудан хоб мерафтам, – эркагӣ мекунад ӯ. Ҷавонзан бо шитоб рӯйи дастархонро оро медиҳад. Вай барои азизонаш наҳорӣ тайёр мекунад. Якеро ба мактаб, дигареро ба кор гусел карда, худ низ аз пайи корҳояш меравад. Дар ҳамаи ҳаракатҳои ӯ муҳаббаташ нисбати оилааш эҳсос мегардад. Барои онҳо бо меҳри зиёд хӯрок мепазад. Оромию хушбахтии худро дар будани онҳо мебинад. – Азизакам, қаҳва тайёр шуд? – мепурсад шавҳараш. Аммо… дигар нишоне – ку аз ин хушбахтиву оромӣ?.. Таркишу бомбаборониҳо ва ҷангҳое, ки дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳанд ва аксаран баҳонаи чунин ҷангҷӯиҳо бовари ниҳонии баъзе афрод ҳастанд, сари чандин ҳазор инсонҳоро хӯрд, ба орзуву умед ва ҳаёти ширини ҳазорон бегуноҳон хотима гузошт. Ман ҳама вақт ҷангҷӯро чашми дидан надорам. Онҳоро сахт маҳкум мекунам. Ҷангу хунрезӣ, бадбиниву қасосгирӣ ягон вақт воситаи ҳалли муаммо нест. Ҷанг аслан, ки хоси инсони хуб нест. Ҳаётро Худованд ба бандааш медиҳад. Фақат вай ҳукуқ дорад амонаташро бозпас гирад. Аз байн бурдани ҳукми ҷазои олӣ – ҳукми қатл ҳам маҳз ба он хотир аст, ки танҳо Худованд чунин ҳуқуқ дорад. Дар дунё бемориҳои бисёре ҳаст. Баъзе намуди беморие ҳаст, ки табобаташ номумкин буда, табибон пеши давои он оҷизанд. Бемор солҳои зиёд азоби тоқатфарсо кашида, баъд вафот мекунад. Барои аз азобу дард раҳо кардани чунин беморон табибон пешниҳод карданд, ки ба воситаи сӯзандору зиндагияшонро қатъ бикунанд. Ин танҳо ба хотири аз азоби алим раҳо кардани беморони табобатнаёбанда аст. Аммо ба чунин пешниҳод намояндагони се дини ҷаҳонӣ – ҳам буддоӣ, ҳам насронӣ ва ҳам ислом зид баромаданд. Ба он хотир, ки ҷонро фақат Худованд ато мекунанд ва танҳо ӯ ҳуқуқи гирифтани онро дорад. Пас, аз рӯйи кадом қонуни шариат террористи худкуш шаҳид маҳсуб меёбад? Қурбонии чунин амалиётҳои нангини террористӣ фақат бегуноҳон ҳастанд, мактабхоне, ки ба дабистон меравад, модаре, ки кӯдакашро ба боғча мебарад, ё кампираке, ки барои гирифтани нафақааш ба бонк равон аст (ёд оред таркишҳоеро, ки дар маҳаллҳои серодамтарин ба вуқӯъ пайваст, мисли метроҳо).

     Тараққиёти босуръати ҷамъияти кунунии мо дар китоби муқаддаси “Қуръон” зикр ёфтааст. Ин маънии онро дорад, ки мо бояд ба пеш ҳаракат кунем. Ба ояндаи нек замина гузорем, зеро ҳама вақт бояд ба марҳамати Худованд умед дошта бошем. Ватанамонро обод кунем. Хурофотпарастона ба қафо, ба асрҳои феодалӣ баргаштан маънии ба асорат афтоданро дорад, зеро ҷаҳолат на танҳо чашмро, балки дилро ҳам кӯр мекунад. Инсони кӯрдил ба чӣ қодир аст? Аз он ки дида наметавонад, нафси бетагаш чун аждаҳо тӯъмаи навбатияшро тамаъ мекунад. Дини мубини ислом барои тарбияи аҳли башар ҳидоятгари ботадбирест. Худованд динро барои бандагонаш офарид, на инсонро барои хурофот. Моҳияти “Қуръон” парҳезгорист. Парҳез аз рафтору гуфтор ва андешаи бад. Парҳез аз нафси бад. Парҳез аз дилозориву ҷангҷӯйӣ. Беҳуда нагуфтаанд, аз дилозор Худо безор. Парҳез аз дурӯғу кина, аз адовату зино, аз ғайбату бахилӣ. Худованд бузург аст. Вай ниёз ба намозу рӯзаи мо надорад. Намозу рӯзадориро ҳам ба он хотир фармуда, ки иродаи инсон тарбия ёбад. Ришдорӣ Худошиносӣ нест ва ё матои сиёҳро ба сару гардан печонидан моро парҳезгор намегардонад. Худованд тозагиро дӯст медорад. Инсон бояд ба одоби муоширату либоспӯшӣ ҳам аҳамият диҳад. Сиёҳ ранги мотам аст. Вақте Худованд бандагонашро ба шукргузорӣ талқин мекунад, мотамдорӣ ношукрӣ нест? Вақте рӯҳи одам аз ранги сиёҳ азият мекашад, ин ношукрӣ ба даргоҳи ӯ нест? Рисолати дин ҳамон вақт ба иҷро мерасад, ки агар пайравонаш инсонҳои имондор бошанд. Рӯҳу дилашон пок бошад. Рӯйи саҷҷода дилашон аз дидори Худованд ба тапиш ояд. Намозашон шукр ба неъматҳои Худованд бошад. Нафаре, ки ба бузургии Худованд тан медиҳад, ӯ ҷоҳил намешавад. Ҷаҳолати хурофотӣ моли шайтон аст, васвасаи инсонбадбинии ӯст. Ба он набояд роҳ дод. “Қуръон” хондану аз рӯйи он амал накардан бузургтарин гуноҳ аст. Дар баробари он таассуб ҳам гуноҳ аст, зеро Худовандро бояд бо ақл шинохту бо дил дӯст дошт ва касе ҳуқуқ надорад аз номи ӯ ҳукм барорад. Тафаккури нави таълим бояд моҳияти тарбияро дар худ ғунҷоиш диҳад, зеро илм омӯхтану саводнок шудан шахсияти одамро комил мегардонад.

      Эй нохалаф, боре ҳарфи хуше ба афтодае гуфтӣ? Як бурда нон ба капираки бечорае додӣ? Ва ё ба як порча замин гандум кишт кардӣ? Ба бенавое кӯмак намудӣ? Ба бевае ёрӣ расонидӣ? Сари ятимеро сила кардӣ? Ва ё сари саҷҷода нишаста дар ҳаққи ҳамватанонат дуои нек намудӣ? Аз Худованд ризқи бечорагонро талабидӣ? Ба бечорае дар шаби тору сарди зимистон шамъе додӣ? Албатта, ту ҳеҷ коре накардӣ! Пас ту чӣ ҳақ дорӣ аз номи Худованд ҳукм барорӣ ва ё ҷони бандаи ӯро бигирӣ? Магар намедонӣ, ки ин гуноҳи кабира аст?..

       Вақте Худованд саодати дубораи Истиқлолиятро ба мо арзонӣ дошт, мо бояд онро эҳтиёт бикунем. Сарзамини ҷонпайвандамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро сафару зиндагии муваққатӣ  дар давлатҳои хориҷӣ хуб аст, аммо дар ягон гӯшаи дунё дили мо тинҷу ором нахоҳад шуд, зеро оромиши рӯҳи мо – Тоҷикистон аст. Вақте ҳар яки мо новобаста аз фаъолиятамон –  фаррош ё мӯзадӯз, муаллим ё духтур, судя ё милиса, вазифаамонро бо масъулияти инсондӯстӣ ба анҷом расонем, дар Тоҷикистон ягон гӯшаи нообод намемонад. Фақат моро лозим аст, ки софдилона меҳнат бикунем. Дар чойхона нишаста ғайбат кардани мардҳо, дар остонаи ҳавлӣ нишаста ғайбат кардани занҳо зиндагии моро беҳтар намегардонад. Як мушоҳидаи худро мегӯям: саҳар вақти корравӣ якчанд занҳоро мебинам, ки нишаста бозори ғайбатро метафсонанд. Назди ҳавлияшон чиркину норӯфта.  Сари роҳ аз чойхона мегузарам. Дар он ҷо ҳам мардҳо аллакай баъди хондани намози бомдод ҷамъ нишастаанд. Вақти бозгашт айнан ҳамон манзара такрор. Мардҳо дар чойхонаву занҳо дар остонаи ҳавлӣ ва кӯча ҳамоно норӯфтаву чиркин. Ва агар борон борида бошад, ҳама ҷо лойолуд… Ҷавонзани ҳомиладоре аз бари роҳи чойхона мегузашт. Замин, ки лой буд, пояш лағжида, афтод. Ҳамаи мардҳои дар чойхона нишаста ба ҳоли вай бо овози баланд хандида масхарааш карданд. Ҳатто якеаш шунавонда гуфт: – Кош эзораш намебуду пойҳои зебояшро медидем! Барои марде, ки риш мондаву худро Худошинос муаррифӣ мекунад, чунин гуфтан убол нест?

     Ду маҳбусро ба ҳуҷраи тангу тори оҳанин ҳабс карданд. Баъд аз ду ҳафта, равзанаи хурдакакеро кушоданд ва гуфтанд, ки берунро тамошо кунанд. Аввалӣ аз он сӯрохӣ ба берун назар кард ва дид, ки ҳама ҷо пури ахлотпора. Ифлосу чиркин. Вақте дуввумӣ аз он сӯрохӣ ба берун нигоҳ дӯхт, дид, ки аз осмон ду ситораи хурдакак бо дурахши худ ба ӯ чашмак мезанад.

     Новобаста аз волоияти моддиёти заминӣ инсон ба арзишҳои маънавӣ ниёзманд аст. Вақте муҳаббати бузург чун нури илоҳӣ ба зиндагии мо ворид мегардад, зиёдтар эҳсос мекунем, ки дӯстдорӣ чи қудрате дорад, зеро зиндагиро маънӣ меҳр аст. Меҳре, ки нерӯямон мебахшад, то дар печутобу тазодҳои мухталиф асолати инсонии худро аз даст надиҳем ва имонамонро аз накӯкорию тавфиқ пурқувват намоем. Ва ситораи дурахшони зиндагиямонро дида тавонем.  

Матлуба Ёрмирзоева