Таҷлили ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатӣ  дар шаҳри Роғун

     Шоми  9-уми сентябри соли равон дар шаҳри Роғун бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар меҳмонону даъватшудагон дар маркази шаҳр  чорабинии бошукӯҳи идона  бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид.

      Дар чорабинии номбурда директори  Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷони  Назрулло  ва Раиси шаҳр  баромад намуданд,  зимни суханронӣ  кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон, Роғун, меҳмонону ҳозиринро ба муносибати  31-умин  солгарди ҷашни муқаддаси миллиамон  Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистони соҳибистиқлол  самимона табрику таҳният гуфта, оид ба пешравию бунёдкорӣ ва дастовардҳои 31 соли пурифтихори шаҳрамон ибрози ақида намуданд. Раиси шаҳр инчунин ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ  ва саҳм гузоштан дар ободонию пешравиҳои минбаъдаи  Тоҷикистони азиз ибрози ақида карда, ба  ҳар як шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

  Сипас, аз ҷониби директори  Агентии  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷони  Назрулло Раиси шаҳр  Саидзода Сунъатулло, муовини раиси шаҳр Мусозода Парвина, Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Ҳисориев Зафар барои  фаъолияти пурсамар дар созандагию бунёдкориҳо, пешравию ободониҳо  ва саҳми арзанда гузоштан дар тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, аз ҷониби Раиси шаҳр як қатор фаъолони  шаҳр  бахшида ба ин ҷашни таърихӣ бо Ифтихорнома  сарфароз гардонида шуданд.

     Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз қабили пухту паз- нонҳои гуногун, кулчаҳои  калону майдаи пурнақш,  қаннодиҳо, гулдузиҳои гуногун, чубтарошӣ, ихтирокорӣ,  намудҳои меваҷот ва ғайра  дар растаҳо пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Сокинони шаҳри овозадори Роғун 31 солагии Истиқлолияти давлатиро  бо комёбиҳои беназир  истиқбол гирифтанд. Қисмати фарҳангии чорабиниро  санъаткорони бахши фарҳанг бо созу навои худ дилработар намуданд. Ҳамин тавр чорабиниҳои идона ба истиқболи ҷашни муҳими таърихии давлату миллатамон дар шаҳри Роғун  пай дар пай ва бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуданд.

Қобили қайд аст, ки ин санаи фархундаю таърихӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

 

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                     Раҷабалиева Шоира