Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр

        Санаи 29 августи   соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи  мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар маҷлис муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин   мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:

  1. –иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои соли 2021-2025» таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ  бо кабинетҳои фаннӣ  ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази  таълимӣ барои солҳои  2021-2025».

– «Барномаи давлатии  такмили  таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи  то соли 2030».

– «Барномаи  давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2018-2022».

– «Барномаи  давлатии рушди  таҳсилоти  томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025».

  1. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни  соли 2021, №212 «Дар бораи Барномаи  таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои  2021-2025».
  2. Дар бораи рафти иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019,№326; «Дар бораи Барномаи  давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019-2022».

-дар бораи  «Барномаи  кафолатҳои  давлатӣ оид ба  таъмини аҳолӣ бо кумаки  тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.06.2020, №252».

-«дар бораи  Барномаи пешгирии фарбеҳи  ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2019-2024», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 25.02.2021, №25;

  1. Дар бораи баррасии пешниҳоди Агентии назорати  давлатии  молиявӣ ва мубориза  бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2022,№4.1-2054 «Дар бораи  пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои  ба содир намудани  Ҳуқуқвайронкуниҳои  коррупсионӣ мусоидаткунанда».

        Сараввал раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  маҷлиси машваратиро оғоз намуда,  оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти куллӣ доданд. Сипас, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Юсупов Искандар, сардори хадамоти оташнишонӣ дар шаҳри Роғун Рустамов Мурод, иҷрокунандаи менеҷери КАТС Урозов Умедҷон, сартабиби беморхонаи марказӣ Акобиров Бахтовар ва  иҷрокунандаи вазифаи мудири  шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Худойдодов Абдулмумин оид ба  масъалаҳои зикргардида  баромад намуданд.

Нисбати масъалаҳои баррасишуда  қарорҳо қабул карда шуданд.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа               Раҷабалиева Шоира