Вохӯрӣ оид ба омодагиҳо ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Рӯзи 16 августи  соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги  шаҳри Роғун    бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Файззода Р.Н., муовини раиси шаҳр (соҳаи идеологӣ) Шарафзода Б., раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун Қосимзода Н., муовини комиссари ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ полковник Наслибеков Н.М., сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Роғун Тағоев С., муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун Худоёров У., мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ходимони дин вохӯрӣ оид ба омодагиҳо ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омодагии санҷиши ҳайати шахсии ноҳияи мудофиаи ҳудудии № 8 шаҳри Роғун доир гардид.

      Сараввал муовини якуми  раиси шаҳри Роғун муҳтарам Файззода Р.Н. сухани ифтитоҳиро оғоз намуда,  ба ҳозирин мақсади вохуриро фаҳмонда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар таҳрири нав қабул гардида, маҷмӯи тадбирҳо дар мавриди қайди ҳарбии шаҳрвандон, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, зиёд намудани уҳдадориву ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи қайди ҳарбӣ ва даъват ба хизмати ҳарбиро фаро гирифта, танзим менамояд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ  уҳдадор аст, ки дар сини муқарраргардида ба хизмати ҳарбӣ сафарбаргардида онро сарбаландона  ба иҷро расонад  ва  вазифаи мо волидайну шахсони масъул  мебошад, ки  дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳмгузор бошем.       Ҳамчунин, Файззода Р.Н. дар рафти сухангуӣ иброз доштанд, ки масъалаи дигаре, ки имрӯз мо дар ин ҷо баррасӣ менамоем, ин омодаги ҷиҳати санҷиши ҳайати шахсоии шаҳр мебошад, ин чорабини санаи 20 августи соли ҷорӣ соати 06 00  ба нақша гирифта шудааст  ва ҷойи баргузории чорабинии мазкур боғи фарҳангии ба номи Исмоил Сомонии ҷамоати шаҳраки Оби гарм муқаррар  карда шудааст.

      Инчунин, бояд қайд намуд,  ки  ин чорабинӣ бо иштироки муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, полковник Наслибеков Назарбек баргузор карда мешавад. Сипас, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Наслибеков Н. ҷиҳати  чорабинии дар пеш истода  маълумоти мушаххас дода, ҳамчунин  зикр кард, ки   доир намудани санҷиши омодагии ҳайати шахсии дар захира буда, яке аз чорабиниҳои  пурмасъулият маҳсуб ёфта, аз ҳар як шахси масъул зиракии сиёсиро талаб менамояд. Мо бояд вазъи имрӯзаи ҷомеа ва ҷаҳонро ба назар гирифта, ҷиҳати мустаҳкам намудани марзу буми худ ва дар ҳолати омодабош қарор додани ҳайати шахсии дар захирабуда чораҳои мушаххас андешанд.

     Ҳамзамон, Носилбеков Н. ҷиҳати омодаги ба  даъвати тирамоҳии ҷавонон  ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо  барои ҷавононе, ки ихтиёрӣ           ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд,  ҳавасмандгардониҳо дар назар дошта шудааст.    

 

Мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                     Саидова Шаҳноза