Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ

  Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ тибқи банди 2-и   Нақшаи  кории Шӯро  барои соли 2022  зери роҳбарии раиси Шӯро-прокурори шаҳри Роғун мушовири адлияи дараҷаи-I Қосимзода Хайриддин санаи 30 июни соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги  шаҳр баргузор гардид. Дар кори Шӯро роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,   муовини директори генералии ҶСК «НБО Роғун»  Раҳмонов Анвар Мирзоевич роҳбарон, сармуҳандисон, кормандони  ширкатҳои  фаъолияткунандаи ҶСК «НБО Роғун» ва дигарон ширкат доштанд.    Дар кори Шӯро масъалаҳо оид ба «Ҳолати риоя намудани техникаи бехатарӣ  ва ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ  дар корхонаҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҶСК “НБО Роғун” фаъолияткунанда, дар давраи соли 2021 ва шашмоҳаи аввали соли 2022 ва  сабабҳои пинҳон доштани  ҷиноятҳо мавриди баҳсу муҳокимарониҳо қарор гирифтанд.

       Раиси Шӯро Қосимзода Хайриддин ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуда  нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар  самти пешгирии ҳолатҳои   садамавӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, оид ба масъалаи якум ёрдамчии калони прокурори прокуратураи шаҳри Роғун  Раҳимзода Баҳодур Сулаймон  баромад намуда, баён доштанд, ки Прокуратураи  шаҳри Роғун ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда вобаста ба  ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ муайян намудани сабабҳои зиёдшавии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва имтиёзҳои дар қонун пешбинигардида истифода намудани кормандонро дар давоми соли 2021 ва 6 моҳаи аввали соли 2022 дар ширкатҳои сохтмонӣ дар ҳудуди ҶСК “НБО Роғун” фаъолияткунанда мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дод.

           Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки дар давоми соли 2021 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 24 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ дар ширкатҳои сохтмонии дар ҳудуди ҶСК “НБО Роғун” фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки дар 3 ҳолати он марги инсон фаро расидааст.   

          Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ дар давоми соли 2021 асосан дар ширкатҳои сохтмонии зерин аз ҷумла 14 ҳодиса дар ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”, 5 ҳодиса дар ширкати хориҷии “Вибилд С.п.А” (1-ҳолати марг), 1 ҳодиса дар ФДСП ШМ “Тунел Садди Ориёно”, (1 ҳолати марг) 1 ҳодиса дар ҶДММ “Шукуҳи Истиқлол”, 1 ҳодиса дар ширкати ҶДММ “Рушди манотиқи куҳистон”, 1 ҳодиса дар ширкати ҶДММ “Инвентор” (парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст), 1 ҳодиса дар ширкати ФДСП ШМ “Умрон Морун” ва 1 ҳодиса дар ширкати ҶДММ “Вахш Сохтмон” ба қайд гирифта шудааст.            Қайд кардан ба маврид аст, ки вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати гунаҳгорон, ки аз беаҳамиятӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон чунин ҳолат рух додааст парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

           Мавриди қайд аст, ки дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби прокурори шаҳри  Роғун вобаста ба барқарорсозии ҳудудҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрвандон дар мавриди сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон 38 адад амр бароварда шуда, дар натиҷа маблағи 4 547 952 сомонӣ инчунин,  3 амр ба маблағи 8940,39 сомонӣ  оиди пардохти кумакпулиҳо) музди меҳнати кормандон дар асоси амрҳои прокурор пардохт карда шуда, нисбати 5 нафар масъулини ширкатҳо барои сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон бо моддаҳои 94 қисми 1 ва 134 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқрайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ аз рӯи тобеият ирсол карда шудаанд. Ҳамин тариқ, дар давоми соли 2021 аз натиҷаи санҷишҳои гузаронида шуда дар ин самт, 2 парвандаи ҷиноятӣ, 18 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, 41 адад амр бароварда шуда, дар натиҷа маблағи 4 547 295 сомонӣ музди маоиши кормандон барқарор карда шудааст. Баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта 2 пешниҳод ба унвонии роҳбарони ширкатҳо ирсол карда шудааст. Дар давоми 6 моҳаи аввали соли 2022 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 17  ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди ҶСК “НБО Роғун” рух додаанд. Дар ин давом аз ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ягон ҳолати марг  ба қайд гирифта нашудааст….

       Оид ба масъалаи дуюм   муҳокимаронӣ қарор гирифта, раиси Шӯро-прокурори шаҳри Роғун  Қосимзода Хайриддин   сухан намуда иброз доштанд, ки “Роғун”-ро Сарвари давлат ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон номидаанд. Ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳ руйдоди муҳим дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аст ва он дар китоби таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин  навишта хоҳад шуд. Бинобар ин, ҳар як роҳбарони ширкатҳои сохтмониро зарур аст, ки фаъолияти худро пурсамар ва бо масъулияти баланди касбӣ анҷом диҳанд.              Пешниҳод менамоям, ки бо мақсади пурзур намудани риояи талаботҳои бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳои истеҳсолӣ дар корхонаю ташкилотҳои дар ҳудуди ҶСК “НБО” Роғун фаъолияткунанда, диққати ҷиддӣ дода, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои заруриро андешанд.

  Сармутахассиси шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                  Раҷабалиева Шоира