Қадрдонӣ дар Фестивал

        Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, бо мақсади ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии ҳунарҳои волои халқи  тоҷик, арҷ гузоштан ба таъриху тамддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»-ро баргузор гардонид. Фестивал бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар се давр сурат гирифт. Даври якум бо муайян намудани  беҳтарин чакандуз, сӯзанидуз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаҳо, деҳа, деҳот ва шаҳраку ҷамоатҳо, даври дуюм дар сатҳи ВМКБ, вилояти Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  ва даври сеюм дар сатҳи  ҷумҳурӣ доир карда шуд, ки дар ин фестивал беҳтаринҳо бо «Диплом», «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотирави қадрдонӣ карда шуданд.

       Ёдовар мешавем, ки бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун,  барои иштироки фаъолона ва намоиши либосҳои миллии чакандузӣ соҳиби «Сипоснома»- и   Фестивали мазкур гардид.                

  Мутахассиси пешбари бахши кор бо занон  ва оила    Нодиршоева М.