Терроризм ва экстремизм – хатари бузург ба  ҳаёти инсоният

         Дар замони муосир хатари терроризм ва гӯруҳҳои ифродгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами замона ба ҳисоб рафта, ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро ба сӯйи фоҷеаи фалокатбор нигаронидааст. Бинобар ин ҳар як фарди худогоҳро лозим меояд, ки баҳри пешгирии омилҳои террористӣ ва мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб ҳушёриву зиракиро аз даст надода, мубориза барад. Терроризм амали ношудест, ки аз тарафи нафарони якраву  тундрав, яъне экстремист содир шуда, он  оқибатҳои харобиовар дорад.

        Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравона, аз худ гузаштан, аз андоза гузаштанро дошта, амалҳои содиркардаи ӯ  боиси халалдор гаштани амнияту суботи ҷомеа мегардад. Кирдорҳои чунин нафарони дорои хислату характери ошубгароӣ, ки  ба номи инсоният иснод меоваранд, имрӯзҳо дар ҷомеаи башарӣ зиёд  мушоҳида шуда, аз амали ношуди ин нафарон, ки терроризмро ба вуҷуд меоваранд аҳли сайёра дар ташвишанд.

         Экстремистҳо, ин як табақаи шахсони хавфнокеанд, ки  бо ҳам якҷо шуда, гурӯҳҳои муташаккилро ташкил карда, мутаассифона дар сурати мусалмон, аммо сирати ғайримусалмон садҳо ободиҳоро вайронаю садҳо ҷонҳои бегуноҳро қурбон карда, бо чунин амалҳои ғайриинсонию  ношуди хеш, боз ҳам  бешармонаю берӯёна аз ҷониби дини мубини Ислом баромад мекунанд. Аммо ҳар як шахси соҳибақл дарк мекунад, ки онҳо кистанду чӣ гуна мақсаду маром доранд. Албатта мусалмон хуни ноҳақ намерезад, ободиро вайрона намесозад, байни одамон иғвою дасиса карда ҷангро ба бор намеоранд, дар умум, мусалмон бадкору бадниҳод нест. Баҳри пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб, пеш аз ҳама бояд фарзанд дар оила тарбияи дуруст гирад, баъдан   муассисаҳои таълимӣ низ уҳдадоранд, ки хонандагонро дар рӯҳияи  инсондӯстӣ, Ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ таълиму тарбия диҳанд.

      Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтори давлат оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм ин мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Асоси бунёди сохтори ташкилӣ барои пешгирӣ аз  дорои хусусияти экстремистӣ ва терррористӣ дошта, системаи амаликунандаи давлатӣ оид ба ошкор, пешгирӣ, боздошти амалҳои террористӣ мебошад. Субъектҳоии бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд,  аз ҷумла амниятӣ зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти  худ тибқи муқаррароти  Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза  бар зидди терроризм» «Дар бораи мубориза бар зидди экстримизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъмин ва пешгирӣ менамояд, аз инҳо иборатанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ниҳодҳо албатта барои таъмини  оромию осудагии ҳаёти ҷомеа ва  амнияти мамлакат бебокона мубориза мебаранд.

      Дар баробари ин, дар шароити имрӯза вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро  омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби  аз байн бурдани  ҷони ҳазорон нафарон ва вайрон шудани оилаҳои дигар гардида, инчунин харобиҳои зиёдеро ба бор меоваранд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа  барои ҳифзи Истиқлолият ва якпочагии  кишвар талош варзад, зеро ҳастии халқу миллат  бе мавҷудияти давлати миллӣ имкон надорад.                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                             Хабарнигори рузнома