ТЕРАРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ ВА ОҚИБАТҲОИ НАНГИНИ ОН

       Шиддат гирифтани низоъҳои сиёсию мазҳабӣ ва оқибатҳои даҳшатбору харобиоварашон аҳли башарро нигарон кардааст. Таҳдиду куштор, қатлу ғоратҳои ашхоси ҷудогонаи мансабталош боиси мутасанниҷ гардидани авзои сиёсии ҷаҳон шудааст. Гурӯҳҳои ҷудоихоҳу тафриқаандоз барои бароварда сохтани ғаразҳои нопоки худ, аз ҷавонони худноогоҳу камтаҷриба ва бедониш истифода карда, ҷони онҳоро аз байн мебаранд. Ин ашхоси манфиатхоҳ ҷавононро ба воситаи макру фиреб ба доми худ меафкананд. Онҳо ҳар гуна ҳадису оятҳои ба дини мубини ислом алоқаманд набударо, ба самъи ҷавонон расонида, бо роҳи макру фиреб эшонро ба ҳаракатҳои терористӣ гаравонидаю  қурбони ғаразҳои сиёсии худ менамоянд. Ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои ҷудоихоҳу тафриқаандоз чораю тадбирҳои мушаххасеро дар ин самт рӯи кор овард. Имрӯз авзои саросари олам орому муътадил набуда, ҳуқуқу озодӣ, амнияту субботи ҷаҳон муташаниҷу нигаронкунанда аст. Набардҳои хунини геопалитикӣ аз ҷониби ашхоси мансабталош пайваста содир шуда, ҷавонони гумроҳу ноогоҳро ба сӯи худ мекашанд. Таҳримҳои сиёсӣ имрӯз дар Ховари миёна ва Шарқи наздик аз ҷумла, Ироқ, Сурия, Яман доман густурда, ҷони ҳазорон инсони бегуноҳро аз байн рабудааст. Ҳаракатҳои террористӣ бо номҳои мухталиф амал карда, мавқеи худро дар миёни пайравони дарандахую тиҳимағзашон зиёда мегардонанд. Ин гурӯҳҳои ифротӣ саросар ёдгориҳои таърихӣ, ҷойҳои муқаддас, осорхонаю шаҳрҳои аз нигоҳи археологӣ қадимаю бостониро хароб намуда, амалҳои зишту нангини худро ба навор гирифта, тариқи сомонаҳои иҷтимоии интернет манзури оламиён мегардонанд. Чунин амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби ҳаракати терраристию экстремистии ба ном “Давлати исломӣ” дар шаҳри Палмерои Сурия раво дида шуд, ки боиси харобу шикаста гардидани ёдгориҳои таърихии ба замони Буддо алоқамандбуда  гардид. Ҳаракати терористӣ ва ифротгаро ҳамвора барои ҷалб намудани ҷавонон динро ҳамчун василаи асосии ба ҳадафҳои нопоки худ расидан истифода мекунанд. Чунин ашхоси манфиатҷӯ ҳамеша ҷойи заифии ҷавононро ҷӯста, онҳоро барои бароварда сохтани ғаразҳои мансабии худ иситифода мекунанд. Ин гуна инсонҳо эътимоду боварии ҷавононро ба дин пайхас намуда, ба воситаи макру дассисаҳои бемантиқу беасоси худ мафкураи насли навро дигаргун месозанд. Дар маҷмӯ агар назар афканем зери мафҳуми дин вожаи “ақл”-ро дар меёбем. Ҳеҷ дини башар хостгори аз байн рабудани инсонҳо набуда, балки саросар, одамонро ба сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ибодати пайвастаи офаридгор даъват мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми конфронсҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва маҷлису вохӯриҳои ҷудогонааш бо аҳолии кишвар, хатарзо будани терраризм ва ифротгароиро ба гӯши сомеон мерасонад. Сарвари муаззами мо вобаста ба ин амалҳои нангин чунин ибрози ақида намуд: “Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии ба мардум ва махсусан, ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем”. Ҷавонони саодатманди Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надода, манфиатҳои миллату давлатро ҳамвора бояд дар маддӣ аввал гузоранд. Дар замони имрӯз хатарҳои терористию экстремистӣ ва ҷиноятҳои хусусияти фаромилидошта дар ҳоли афзоиш буда, хавфи ноором сохтани тамоми олам аз эҳтимол дур нест. Ин ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва роҳбарони мансабталошашон ба ҳолати равонӣ ва мафкураи ҷавонони дар ҳоли рушд ва инкишоф қарордошта, таъсири  манфӣ расонида, бо роҳи шарҳу тавзеҳи барғалати аҳкомҳои дини мубини ислом ҷавонони камтаҷрибаю бедонишро қурбони дасисаҳои худ мегардонанд. Омӯзиши пайвастаи илмҳои дар воқеъ барои мардум пурманфиат ва такондиҳанда, боиси мустаҳкамии мафкура ва иродаи ҷавонон мегардад. Амалҳои ғайриинсонӣ, қатлу ғоратҳои пайваста, ба харобзору биёбон мубаддал гардонидани давлатҳои  оғушта ба хун натиҷаи чунин ҳарактҳои манфиатҷӯ ва мансабталош аст. Насли замони истиқлоли ватанро месазад, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат арзишҳои миллии миллат ва давлатро ҳифз намуда, нагузоранд, ки амнияти кишвари мо халалдор шавад. Сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, бародарию шафқат, омили асосии ба маънавият ва фарҳанг расидани мо аст. Моро месазад, ки дар ҳама ҳолат омӯзем ва омӯзиши худро дар амал татбиқ намуда, баҳри пешрафту инкишофи ватани азизамон саҳмгузор бошем.     Хабарнигори рӯзномаи шаҳрии  «Нури Роғун»