Дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Вобаста ба  барномаи рушди иқтисодию  иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,   бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  беморхонаи марказии шаҳри Роғун ба 1 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ навъи тамғаи NISSAN NV  350 VRVAN  бо маблағи 552132,7 сомонӣ (панҷсаду панҷову ду ҳазору яксаду сиву ду сомонию ҳафтод дирам) бо асбобҳои кумаки аввалия   таҷҳизонидашуда  таъмин гардид, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр алалхусус, Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сунъатулло Саидзода барои чунин дастгириҳои доимияшон ба Вазири тандурустии мамлакат миннатдори баён менамоянд.

         Бояд иброз дошт, ки ин дастгирӣ, баҳри ёрии саривақтӣ расонидан ба  беморон   ва беҳбудӣ бахшидан ба  вазъи саломатии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

  Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа      Саидова Ш.Ҷ