ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН– ВАТАНИ АЗИЗИ МАН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

       Бо мақсади  иҷрои  Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2022, №АП-154, Амри Раиси шаҳри Роғун, аз 11 апрели соли 2022, №162 даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар шаҳри Роғун дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардид. Ёдовар мешавем, ки озмуни номбурда  бо мақсади сазовор  пешвоз гирифтани  ҷашни 30 солагии Иҷлосияи тақдирсози  XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, миёни аҳли  ҷомеа баҳри  дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорат ва  мақому маҳорати касбӣ, тарғиби санъати асил, ғанӣ гардонидани фазои маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик, дар саросари мамлакат баргузор гардонида мешавад.   

   

    Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа           Саидова Ш.Ҷ