Мизи мудаввар оид ба амалишавии “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”

    Рӯзҳои  12-13 майи  соли 2022 аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иттиҳодияи  миллии маъюбони Тоҷикистон  дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  барномаи мизи мудаввар оид ба амалишавии “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 тасдиқ шудааст баргузор гардид.  Дар ҷаласаи мазкур  Мусозода П.- Муовини раиси  шаҳр, Шодихон Ҷамшед-муовини вазир, Зикрихудоев Асадулло- раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Қурбонзода Қудратулло-сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шарипов Манной-раиси Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон, Бобоев Муҳиддин-сардори Шуъбаи Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон, Ҳамроев Фируз-роҳбари маъюбони шаҳри Душанбе ‘‘Имконият”, Худойдодов Абдулмумин- мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри  Роғун, намояндаи шуъбаи маориф,  Сайфиддинзода Д- мудири  шуъбаи  Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва намояндаи  шуъбаи  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Акобиров Б.-сартабиби беморхонаи марказӣ, Муспоҳиддинов Б- менеҷери  КАТС,  намояндаи шуъбаи байниноҳиявии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Зайдов Р.- мудири шуъбаи меъморӣ в шаҳрсозӣ ва  намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон  дар шаҳри Роғун иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки  дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ  ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:

1.Сиёсати иҷтимоии давлат ва дастгирии иҷтимоии маъсалаҳои шахсони маъюбиятдошта;

2.Мақсад ва вазифаҳои Нақшаи миллии амалҳо оид ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон;

3.Дар бораи фаъолияти Иттиҳодияи ношунавоёни Тоҷикистон;

4.Дар бораи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон;

5.Дар бораи фаъолияти маъюбони шаҳри Душанбе; 6.Дар бораи рафти иҷрои “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.

 7.Дар бораи тартиби таъин намудани нафақаҳои маъюбӣ ва қоидаҳои азнавҳисобкунии           андозҳои нафақа;

8.Дар бораи вазъи бо кор таъминкунии маъюбон ва мусоидат ба касбомӯзии онҳо дар шаҳри Роғун;

9.Дар бораи дастрасии шахсони маъюб ба хизматрасонии тиббӣ (беморхонавӣ ва КАТС);

10.Муайян кардани маъюбӣ дар шаҳри Роғу;.

11.Дар бораи фарогирии кӯдакони маъюб ба таҳсилоти томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Роғун;

12.Вазъи муҳити дастрас дар шаҳри Роғун;

 13.Вазъи хуқуқии маъюбон дар шаҳри Роғун.

       Сипас,  аз ҷониби аъзои гурухи корӣ боздиди  бино ва иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ  сохташавандаю ба истифода додашуда дар шаҳри Роғун вобаста ба риояи таъмини дастрасии шахсони имконияташон махдуд сурат гирифт.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди  иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеъа                              Раҷабалиева Шоира