Иҷлосияи ғайринавбатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  даъвати шашум 

  12 майи соли равон  иҷлосияи ғайринавбатии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  даъвати шашум  баргузор гардид.

       Дар ҷаласа  раиси комиссияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  Аскарзода Аҳмад «Оид ба  натиҷаи интихобот ва тасдиқ  намудани  ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун  аз ҳавзаи  интихоботии №12, ки  рӯзи 8 майи соли равон  дар ҳавзаи интихоботии №12, кӯчаи Сесангаи Ҷамоати шаҳраки  Оби Гарм доир гардида буд, ҳисобот доданд. Қайд карда шуд, ки  интихобот дар доираи  талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои  маҳаллии вакилони халқ» баргузор гардида, бо ба даст овардани  аксар овозҳо-94%  иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун интихоб гардид.    Вакили навинтихобшуда дар назди вакилон  савганд ёд намуда, иброз намуд, ки  тамоми нерӯ,  дониш ва таҷрибаи худро барои ободии диёр  равона месозад. Дар охир Раиси комиссия ба вакили навинтихобшуда шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ  тақдим намуд.

Иҷлосияи ғайринавбатии маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун  бо қабули қарорҳои  дахлдор кори худро ба охир расонид.  

                                                      

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа   

Раҷабалиева Ш.