Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар шаҳри Роғун

        Рӯзи 11 майи соли ҷори  аз ҷониби бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба иҷрои мактуби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Роғун бо иштироки аъзои комиссия, хонандагон ва муассисаҳои томактабӣ гузаронида шуд.

         Дар чорабинӣ беш аз 80-нафар  аз рӯи 6-номинатсия иштирок намуданд. Дар чорабинӣ  либосҳои  қадимаи чакан, либосҳои  кӯдакона, либосҳои  рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ ба намоиш гузошта шуд.

         Зикр кардан ба маврид аст, ки Фестивал озмуни «Сад ранги чакан» ҳамасола бо мақсади эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар иртибот бо эътироф гардидани яке аз намунаҳои гулдӯзии қадимаи тоҷикон-чакан ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият баргузор мегардад.

         Баргузории даври шаҳрии Фестивали мазкур (ҳунари чакандӯзӣ) низ яке аз тадбирҳои асили гиромидошти фарҳангӣ буда, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.

          Ҳамзамон, фестивали шаҳрӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, масъулини бахш барои иштироки фаъолонаи хонандагон дар чорабинӣ изҳори сипос намуда, онҳоро  бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.  

Мудири бахши кор бо занон ва оила                          Зоидова А.Б.