Чорабинӣ бахшида ба рӯзи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Рӯзи 4-уми апрели   соли 2022 дар маркази шаҳри Роғун чорабинии сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса  баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки ҷавонони шаҳри Роғун дар натиҷаи тарбияи дуруст дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватандории хеш  дар рӯзи аввали гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 нафар ҷавонони бо нангу ори шаҳри Роғун ихтиёрӣ ба омодагии ҷиддӣ  дар маркази шаҳри Роғун барои адои хизмат  ба Модар- Ватан ҳозир гардиданд.

Дар чорабинӣ  Раиси шаҳри Роғун, роҳбарони мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва сокинони шаҳр ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур и.в раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, даъватшудагонро ба ин ҷашни фархунда табрику шодбош гуфта, қайд намуданд, ки  хизмат ба сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ифтихор ва шарафи бузург маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми ватан дар зери парчами нангу номус  ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд. Шоистаи  таъкид  аст,  ки  мо  ҳама  дар  назди  халқу  Ватан  вазифадор  ҳастем,  ки  сулҳи  пойдор  ва  тамомияти арзиву якпорчагии  Тоҷикистони  азизро  чун  гавҳараки  чашм  эҳтиёт  намоем,  зеро  хизмат  кардан  ба  Ватан  шарафи  бузург  ва  қарзи шаҳрвандии  ҷавонони  бонангу  номуси  миллат  маҳсуб  меёбад. Инчунин, қайд намуданд, ки маҳз бо  шарофати Истиқлолият ва Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тоҷику тоҷикистониён зери ливои сулҳу осоиштагӣ  бо хотири ҷамъ зиндагонӣ менамоянд.

         Аҷдодони мо аз қадимулаём  мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба он медиданд. Ба падару модарони наваскарон барои тарбият намудани чунин фарзандони ҷасуру шуҷоъ изҳори сипосу минатдорӣ баён карда шуд.       

 Сипас, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ба сафи Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аскарбачагоне, ки ихтиёран баҳри  ҳифзу ҳимояи ватан саф ороста буданд, бо ифтихорнома ва шаҳодатномаи ронандагӣ  сарфароз гардонида шуданд. Бояд зикр кард, ки модарон фарзандони далеру шуҷои худро аз рӯи расму русум  бо газ гирифтани кулчаҳои равғанӣ бо умеди адо намудани хизмати Модар –Ватан ва сиҳату саломат  ба хона баргаштан дуо доданду гусел намуданд. 

         Қисмати фарҳангии чорабиниро хунармандони қасри фарҳанг бо созу навои худ дилработар  намуданд. Қобили қайд аст, ки ин сана ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дарки баланди ватандӯстию шуҷоат таҷлил мегардад.        

  Сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа         

        Раҷабалиева Шоира У.