МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

        Санаи 28 феврали  соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин   мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:

  1. – иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ  бо кабинетҳои фаннӣ  ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази  таълимӣ барои солҳои  2021-2025».

      – «Дар бораи  Барномаи мақсадноки  давлатии рушди  илмҳои риёзӣ дақиқ ва      табии барои  солҳои 2021-2025». – нақшаи чорабиниҳо  барои солҳои  2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва  рушди фанҳои  табиатшиносӣ,     дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои  2020-2040».

  1. Бобати иҷрои қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 апрели  соли 2021, №116 «Дар бораи  Барномаи давлатӣ  маҷмӯи рушди  тарбия ва маърифати  экологии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-2025.
  2. Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 августи  соли 2021, №327 «Дар бораи  қонунигардонии дороиҳо,  намунаи шаклии эъломия ва ариза».

     Сараввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  маҷлиси машваратиро оғоз намуда, иштирокчиёнро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуданд. Сипас, сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Юсупов Искандар, мудири бахши ҳифзи  муҳити  зист  Ҳасанов  Акобир,  муовини раиси Комиссияи қонунигардонии дороиҳо дар шаҳри Роғун  Тошов Ҳабибулло оиди масъалаҳои зикргардида  баромад намуданд. Нисбати масъалаҳои баррасишуда  қарорҳо қабул карда шуданд.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа               Раҷабалиева Шоира