Сада ҷашни бостонӣ

    Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва қадимаи тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ба муносибати ин ҷашни пуршукуҳ санаи 25 январи соли 2022 дар маркази шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ маҳсулоти кишоварзон,  дастранҷи заҳматкашон ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази бинандагон пешниҳод гардид. Афрухтани гулхан, нақшу нигор ва гӯшаи ҳунарҳои дастии сокинони шаҳри Роғун ба ҳусни чорабинӣ таровати тозаро зам намуд. Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар баромад намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфт. Раиси шаҳр зимни баромад иброз дошт, ки Тоҷикон аз зумраи  мардуми фарҳангофару тамаддунсоз мебошанд. Онҳо  ва  авлодони қадимаашон  дар баробари дигар  ҳалқиятҳои ориёнтабор  аз қадимулайём  соҳиби  фарҳангу маданияти ғанӣ буда, офаридаҳои фарҳангӣ ва расму ойинҳояшон ба тамаддуни ҷаҳонӣ  чун  дурдонаҳои нуқрагини пурҷило дохил шудаанд. Аз зумраи ойинҳои қадима ва пурғановати онҳо  чор ид  ва  ҷашнҳои  пуршукӯҳу  оммавӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро  ном бурдан  мумкин  аст,  ки ҳанӯз  дар бомдоди фарҳанги башарӣ  ташаккул  ёфта,  аз  он  замон  то  ба имрӯз ҳаёти маънавию  фарҳангӣ  ва  иҷтимоии ҷомеаҳои гуногунро  мунаввар намудаанд.

Сада яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат, мужда аз фасли зебои сол яъне баҳор ва оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Ин ҷашн ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадима ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамоянд. Маросиму суннатҳои ин ҷашни бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд. Қайд гардид, ки таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун  дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.  Аз ин хотир, анъанаву расму оинҳо ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин  сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.

Таҳияи Раҷабалиева  Шоира