Ҷаласаи кории  комиссияи ҷамъиятӣ оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия

            Санаи 18 январи соли 2022 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндаи шуъбаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Рашт ҷаласаи кории  комиссияи ҷамъиятии амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои давраи  то соли 2030 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор карда шуд. Дар ҷаласа  ҳаракату амалҳои хусусияти коррупсионидошта мавриди муҳокима ва интиқод  қарор дода шуда,  вобаста ба масъалаҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб  ва паст кардани шиддати он ба иштирокчиён  тавсияву дастурҳо дода шуд.

  И.в. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                Саидова Шаҳноза