Иҷлосияи  даҳуми  маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум

             Санаи 5 январи  соли 2022 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи  даҳуми  маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум  баргузор гардид, ки дар дар  маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон, муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.  Ҷаласаи мазкур бо садо додани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Дар маҷлис масъалаҳо оид ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2021» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2022,  рафти  амалишавии «Барномаи  рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун  барои  солҳои 2021-2025 дар  соли 2021», «Лоиҳаи буҷети шаҳри Роғун барои соли 2022 ва тасдиқи иҷрои  буҷет»-и шаҳри Роғун дар соли 2020,  «Муқаррар намудани  меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиии  алоҳида» дар ҳудуди шаҳри Роғун барои соли 2022,  Баррасии пешниҳоди  раиси Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм аз 12 ноябри соли 2021, №467 «Дар бораи ҷорӣ намудани  низоми муайяни  хизматрасонии нақлиёти ҳамлу  нақли мусофир ва боркашонӣ, ба роҳ мондани  хизматрасонии муназзами  мусофиркашонӣ тавассути  нақлиёти   шахсиву ҷамъиятӣ»,  ҳисобот «Оид ба корҳои дин, танзим, анъана ва ҷашну маросим, дар соли 2022» дар шаҳри Роғун, дар бораи  тасдиқ намудани «Барномаи маҳалии  рушди соҳаи маориф барои соли 2022» дар шаҳри Роғун, дар бораи  тасдиқ намудани нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун барои соли 2022,  дар бораи тасдиқи қарори  раиси шаҳри Роғун аз 24 декабри соли 2021,  №420 «Дар бораи  тасдиқ намудани  нақшаи кории мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои соли 2022», дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси  шаҳри Роғун мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

      Сараввал раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғунро оғоз намуда,  оид ба «Натиҷаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун  дар соли 2021» ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2022 сухан намуданд. Мавсуф зимни суханрони баён доштанд,ки – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармону супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ», фаъолияти кории худро ба роҳ монда, ҷиҳати болоравии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии шаҳр саъю кӯшишҳои зиёд намудааст.

        Дар ҷамъбасти  соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  бо назардошти неруи барқи НБО “Роғун ба  390 500, 4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020,  44 646,4 ҳазор сомонӣ ё 113 фоиз зиёд мебошад, ки ин аз ҳисоби истеҳсоли қувваи барқ дар НБО-«Роғун» афзоиш ёфтааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО «Роғун» ва шабакаи барқи 12 189,6 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2020             21 151,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 36,5 фоиз кам мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар  соли 2021, 34 877,3 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати соли 2020 нишондоди мазкур 4 738,2 зиёд ё 115,7 фоиз мебошад.

        Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ 50 244,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 9 583,3 ҳазор сомонӣ зиёд ё 123,6 фоизро дар бар мегирад. Қисми даромади буҷети шаҳр, дар ҷамъбасти соли 2021 дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 239 702,8 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 140 461,2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷрои ин нишондод 59 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 99 241,6 ҳазор сомонӣ  кам иҷро гардидааст…

       Дар маҷлис инчунин ҳисоботҳо дар хусуси  пешрафту дастовардҳо, бурду бохт ва камбудиҳои соҳаҳои маорифу  тандурустӣ  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ,  хоҷагидорию камуналӣ, сохтмон, нақлиёт ва дигар паҳлуҳои фаъолияти сохторҳои ҳудуди шаҳр маълумоти мушаххас дарҷ гардид.    Оиди масъалаҳои дигар масъулин сухан намуда , қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. 

    Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Файзулло оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда таъкид кард, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон аҳамияти махсус дорад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                            Раҷабалиева Шоира