Ақидаҳо  оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

   Директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Роғун Назаров М.

   Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо омӯзгоронро  дар касби худ боз ҳам дилгарм ва фаъол  гардонид. Чуноне ки дар Паём зикр  гардид  Ҳукумати ҷумҳурӣ  маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба   фазои  таҳсилоти байналмилалиро  ҳадафи муҳимтарин  дар самти  афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии давлат қарор додааст.       

     Баҳри дар амал тадбиқ намудани  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмурияти мактаб ба касбияти омӯзгорон ва тарбияи омӯзгорони ҷавон барои боз ҳам  баланд бардоштани   сатҳу сифати таҳсилот,  омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии  халқи тоҷик, боло бурдани  завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои итилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ    таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст.

    Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, дар ҷомеаи мо насли навраси  соҳибистеъдод, илму донишдӯст ва фарҳангпарвару забондон ба камол расида истодааст ва мо бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ намоем, алалхусус иштирокчиёни  озмунҳои «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фуруғи мамлакат» -ро зеро ин озмунҳо боис гардиданд, ки  наврасон соҳибюистеъдод муайян гашта, сафи китобхонон зиёда гардад. Ин заминаи хубе баҳри пешрафти маорифи миллӣ мебошад.

      Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки баҳри   пиёда намудани ин ҳадафҳои нек  тамоми саъю кӯшиши хешро  ба роҳ мемонем.    

Таҳияи cармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                        Раҷабалиева Шоира