Шаҳри Роғунро беш аз пеш рушд медиҳем!

   

    Шаҳри Роғун яке аз минтақаҳои бузурги содиротӣ маҳсуб ёфта, пешрафт ва дастовардҳои он арзиши ҷаҳонӣ дорад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ 10-киллометрии ҷанубии шаҳраки Оби-Гарм ва 100-киллометрии пойтахти кишвар, канораи води  Вахш арзиши бузурги  гидроэнергетикӣ дорад.

    Бо сохтмони пурраи агрегати дуюми НБО-и Роғун, ки ҳамчун иншооти нодири асри XXI ахамияти байналмиллалиро соҳиб аст, марҳилаи рушди ин минтақа боз ҳам суръат  гирифта, масири гуногунро дар  самти расидан ба ҳадафи чоруми умумимиллӣ-саноаткунонии мамлакат ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ боз менамояд. 

   Он яке аз дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30-соли Истиқлолият аст. 

     Бо назардошти он, ки яке аз ҳадафҳои ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан ба истиқлолияти энергетикист, бо фаъолият пардохтани агрегатҳои НБО-и Роғун  манфиати на танҳо давлат, балки минтақаву ҷаҳон мебошад.

  Бояд зикр кард, ки аҳолии ин минтақа бо дастгирӣ аз ҳадафу нақшаҳои  бунёдкоронаи  ҳукумати мамлакат  барои ободӣ ва сабзу хуррамгардонии марказ ва гирду атрофи шаҳри Роғун талошу кӯшишҳои зиёд намуда, бо эълон гардидани солҳои  рущду сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ онро ба талаботи замон мутобиқ мегардонанд.

   Дар воқеъ шаҳри Роғун дар баробари дигар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат баробари тавсия бахшидани иқтисодиёти мамлакат занҷираи истеҳсолии иқтисодиётро ба вуҷуд оварда аст, ки пойгаҳи ташкилёбии гуногун  ҷабҳаи минтақаҳои гуногуни кишварро мустаҳкам менамояд.

   Дар ин замима ҳукумати шаҳри  Роғун бо ташаббус гузоштан дар рушди бемайлони корҳои сохтмончӣ ва бунёдкории кишвар бо ҷалби меҳмонон  ва мутахассисони ҳам дохил ва ҳам  хориҷи мамлакат  дар самти энергетика ва саёҳӣ паҳлӯҳои мухталифи сохторҳои ҳаётан муҳимро тавсия бахшида барои ояндаи бо ҳам дурахшон саъй карда истодааст.

   Бо боварӣ метавон гуфт, ки махсусан ҷавонони бо азму иродаи ин минтақаи Тоҷикистони азиз дуруст таълим гирифта кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта табдил медиҳанд.  

Роҳбари  маркази  Матбуоти   Бахши  

фарҳанги  шаҳри  Роғун                                 Маҳсуддинов  Фазлиддин