Армуғони солинавӣ

                    Шаҳри Роғун чун  шаҳри  афсонавӣ дар ҳама фасл ба худ нуру зиёи зебоиро мегирад. Ҳаво барфӣ асту  зарраҳои барф ба бари шаҳр пироҳани барфӣ кашида ва зери ин ҳама зебоиҳо арчаи солинавӣ ороиш ёфтаю атрофро бо назаррабоияш дилкаш намуда. Соли нави мелодӣ бо таёрию омодагиҳо бо насби шиору овеза,  дар пешгоҳи тамоми ташкилоту муассисаҳо, ва арчаҳои зиннатёфта дар  ин шаҳри нурбор  таҷлил мегардад.

Умед дорем, ки соли нав бо қудуми некаш ба тамоми мардуми тоҷик иқболи баланду бахти чун барф поку сафедро армуғон оварад.

Зебо Давлатова