Ширинова Сафия  ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст»

 Ширинова Сафия хонандаи синфи 8 истиқоматкунандаи Ҷамоати шаҳраки  Оби Гарми шаҳри Роғун  нобиға дар ҷодаи  илм, суханвару илмдӯст, ба даст овардаи  ғолибияти  деринтизор, сазоворгаштаи ҷои якум  дар озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» мебошад.

Мо ба ин ахтари наврас, самои илму адаб барои ба даст овардани  ғолибият  ва ба модару омӯзгор,  инчунин ашхосоне, ки  дар ҷодаи  омӯхтани илм  ба Ширинова Сафия роҳбаладӣ намудаанд миннатдорӣ баён менамоем .

Ногуфта намонад, ки Ширинова Сафия на барои муаррифӣ намудани  шахсияти  хеш балки  барои баланд бардоштани  обру ва нуфузи  шаҳру диёр, маорифи  Роғуншаҳр талошҳои боматонати худро варзид ва ин талошу  кӯшиши Сафиябону  бенатиҷа наанҷомид. Мо бо як фахри  сарафлок гуфта метавонем, ки ин нобиға номи диёру  мардуми ҷодаи  илми Роғуншаҳрро  ба осмон бардошт.

Ба ин муносибат  рӯзи  16  декабри  соли ҷорӣ бо ташаббуси Раиси шаҳри Роғун  муҳтарам Сулаймонзода Музаффар дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  барои пешвозгирӣ ва қадрдонӣ намудани  ин нобиға  ҷамъомад баргузор гардида, Сафиябону бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.

Чуноне ки  худи Сафиябону қайд менамояд,  соли сеюм аст, ки дар озмуни «Фурӯғи субҳи донои китоб аст» ширкат меварзад ва  ду соли охир ҳам иштирокчии давраи ниҳоӣ  буда, соли  гузашта сазовори  ҷои ифтихорӣ гардидааст. Инчунин зикр намуд, ки  маротибаи аввал аз рӯи адабиёти бачагона баромад намудааст ва бо гузашти ҳар сол  теъдоди  китобу асарҳои  мутолиа намудааш афзудааст,  ки теъдоди он 800 афсона, 500 ҳикоя, 400 асари бадеӣ, 200 ғазал, 30000 мисраи шеърӣ ва 15000 байтро ташкил медиҳад. Маҳз натиҷаи ҳамин кӯшишу ғайраташ аст, ки  имрӯз дар даври 4- ум аз рӯи ҳамаи наминатсиҳо  барои «Шоҳҷоиза» мубориза мебарад.

 Хоҳони онем, ки  ояндаи  Сафиябону аз ин ҳам  дурахшону пурҷилло бошад. Ва номбардори натанҳо  шаҳри Роғун дар Ҷумҳурӣ, балки  номи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳон гардад.

 Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа              Раҷабалиева Шоира