Ду гармхона ба истифода дода шуд

    Бо иқдом ва ташаббускории бевоситаи Раиси шаҳри Роғун Муҳтарам Сулаймонзода Музаффар Сулаймон  ва дасгирии  фонди Оғохон бо маблағи 124,4 ҳазор сомонӣ, дар ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, кӯчаи Олим Карим ду гармхона,  ҳар яке  бо дарозии 20 метр сохта ба иситифода дода шуд, ки дар гармхонаҳои мазкур айни замон помидор, бодиринг, гашнизу укроб ва дигар намуди сабзавотҳо парвариш ёфта пешкаши аҳолӣ мегардад.

Раҷабалиева Шоира