Ҳунар беҳ аз зар бувад

 Санаи 26 ноябри  2021  бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун  чорабини таҳти унвони  «Ҳунар беҳ аз зар бувад» дар кӯчаи Ҳокими Зайди маркази шаҳри Роғун бо мақсади  омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустаҳқилона ва омӯзондани онҳо ба ҳунарҳои мардумӣ ва одоби оиладорӣ дар байни бонувон ва ҷавондухтарон   баргузор гардид. Дар чорабинӣ занони ҳунарманд  ҳунарҳои хешро аз қабили кулчапазӣ,  қаламапазӣ, ҳалвопазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба монанди «Оши бурида», «Оши палов», «Қурутоб»,  «Умоч»  омода намуда ба ҷавондухтарон омӯзониданд. Инчунин духтаронро ба курсҳои кӯтоҳмуддат ба монанди дӯхтани либосҳои миллӣ аз он ҷумла атлас, попур, заргарӣ, чакан, гулдӯзӣ ва зардӯзӣ ҷалб намуданд.

Мудири бахши кор

бо занон ва оила                                   Зоидова А