Маҷлиси васеъи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Роғун

   Санаи 3 декабри  соли 2021 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  таҳти раёсати раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон маҷлиси  васеъ  баргузор гардид, ки дар  маҷлис муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо  ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳо оид ба иҷрои Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон    «Дар  бораи  Низомномаи фаъолияти  комиссия  оид  ба  қонунигардонии  дороиҳо, намунаи  шакли эъломия  ва  ариза, номгӯи  ҳуҷҷатҳои  барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул  пешниҳодшаванда, намунаи Шаҳодатнома  дар  бораи қонунигардонии  дороиҳо, шакли феҳристи дороиҳои  қонунигардонидашуда» мавриди  омӯзишу баррасӣ қарор  дода шуд. Ҳамзамон бобати рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳр « Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи  муқовимат  ба экстримизм  ва терроризм  дар  шаҳри  Роғун  барои  солҳои 2021 – 2025» Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022», нақшаи  вобаста намудани шахсони  мутасаддӣ  ба кӯчаву  деҳаҳо, аз имунизатсия гузаронидани аҳолии шаҳр ва фаро гирифтани хонандагон ба таҳсил мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор дода шуданд. Раиси шаҳр  ба масъулини соҳа  оиди  аз муоинаи тиббӣ  гузаронидани  шаҳрвандон ва ҷалби бештари духтароне, ки аз таҳсил дур мондаанд дастуру супоришҳои мушаххас  дод. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки  нисбати соҳаҳои  маорифу  тандурустӣ  таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардан,  нишонаи сиҳатмандии аҳолӣ ва босаводии ҷомеаи шаҳрвандӣ хоҳад шуд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                          Раҷабалиева Шоира