ПАРЧАМИ МО РАМЗИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

          Рӯзи 23 ноябри соли 2021 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси шаҳр Сулаймонзода  Музаффар баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархунда шодбош гуфт. Инчунин оиди Парчами давлатӣ  чунин баён намуданд, ки парчам ҳамчун рамзи миллати  озод ва давлати мустақил ба шумор рафта, мояи ифтихори ҳар як миллат мебошад. Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш қайд намуда буданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст.» Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби  ҳар як фарди  бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор  аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи  давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад… Сипас, тамоми иштирокчиён ва халқи азизи Тоҷикистонро ба ин рӯзи муқаддас табрику муборакбод намуда, сиҳатмандии комил,  хушҳолии рӯзгор ва барори  кору  баракати  зиндагиро орзӯ намуда, инчунин баён доштанд,ки бигузор парчами Тоҷикистони азиз доимо парафшонӣ намояд ва роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи неку дурахшон бошад. Дар идомаи чорабини кормандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо баромадҳои  дилнишин таъби ҳозиринро болида гардониданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита боҷомеа                          Раҷабалиева Шоира