Дилогоҳ ҳасту  дардошно 

      Ёрию дасгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону барҷомондагон ва шахсони ятиму бепарастор, яке аз амалҳои накӯи инсонист, ки ин хислати ҷавонмардона дар шахсияти Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар  барҷаста арзёбӣ мешавад. Ин шахсияти дорои дили бузург, дилогоҳу  дардошнои мардум, баҳри  кӯмак расонидан ба оилаҳои муҳтоҷу нодор доимо саъю талош карада,  дигаронро низ ба ин кори хайру савоб тағрибу ташвиқ менамоянд. Ҳеҷ гоҳ дармондае аз дари хайри ин шахсияти наҷиб ноумед нагаштааст. Гар дармондае дари ӯро бикубад, то қадри имкон ба мададаш мешитобад. Яке аз дастгириҳои саривақтию навбатии      Раиси шаҳр дар ҳаққи ниёзмандон дар он таҷассум мегардад, ки ба сокинони камбизоат аз   деҳаи Қариғоч, ҷамоати Сичароғ  Толибова Нилуфар,  сокини деҳаи Ёли гармобаи ҷамоати Қади Об, маъюби гуруҳи 1 Одинаева Гулнора  ва  сокини деҳаи Ҷавонии ҷамоати Қади об, Акрамова Миҷгона, инчунин сокини дехаи Себноки ҷамоати Сичароғ Давлатов С, ки  имконияти бино намудани хонаи истиқоматӣ ва аз таъмир баровардану азнавсозии  хонаҳояшонро надоштанд,  барои бартараф кардани мушкилоташон ба онҳо  дасти кумаки хешро дароз намуда,  дар некуаҳволии зиндагии ин дармондагон саҳми арзандаи хешро гузошт. Ҳамин тавр Раиси шаҳр  бо хайрхоҳию эҳсонкориҳояш  кушиш менамояд, ки дар дили нодору бечорае тухми умед кошта, хотири ошуфтаеро шод гардонад. Дар ҳақи чунин шахсиятҳои накухисол шоир хеле хуб  фармудаанд:   Дил ба даст овар ки ҳаҷҷи Акбар аст, Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

                                                                                                                                                                                                                       З. Давлатова «Нури Роғун