Камбудӣ бартараф мешавад

  Бо ташаббус, дастгирӣ ва саъю талошҳои пайвастаи  Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар имрӯзҳо  шаҳри Роғуни нурбор ба як шаҳри ободу зебо ва пешрафта табдил ёфтааст, ки шаҳрвандони ин гӯшаи зебои диёр аз заҳматҳои Раиси шаҳр баҳри ободкорию созандагиҳояш миннатдору эҳсонманд ҳастанд. Яке аз иқдомҳои хеле наҷиби фарзанди дилогоҳи мардуми диёр, ин оғоз намудани таъмири  боми боғчаи бачагонаи  №1 «Парасту» мебошад, ки дар арафаи анҷомёбист. Боми ин муассисаи томактабӣ-боғчаи бачагона аз соли 2010 то инҷониб таъмирталаб буд. Ҳангоме, ки бо мудири боғча Ҳамидова Саодат ҳамсӯҳбат шудем, мавсуф оид ба ин камбудии ҷиддӣ ба мо чунин маълумот дод: -боми боғча соли 2010 бо тол пушида шуда буд, аммо аз таъсири барфу боронҳо  фарсуда шуда, дар фаслҳои баҳору зимистон умуман ҳангоми боришот  боми муассиса мечакид. Чакидани боми боғча одӣ набуд, об ба тамоми утоқҳо синфонаҳо ончунон мерехт, ки ҷои нишастан намеёфтем. Андоваи (шикатур) деворҳоро об шуста ба  фарш мерехт… Ҳангоме, ки ҳаво абр шавад ва ё омадани фаслҳои боронию барфӣ диламонро ларза мегирифт. Азобҳои кашидаамонро пеши назар оварда диламонро ғам фаро мегирифт. Боз обшорӣ аз бом ба дохили муассиса, боз хушконидани палосу либос ва ғайра… Аз  мудири боғча мепурсем, ки  чаро барои бартараф кардани ин камбудӣ ба ягон ҷо муроҷиат накардааст? Ҷавоб мегӯяд, ки чандин маротиба ба раисҳои ҳукумати пешинаи шаҳр  оид ба бартараф кардани ин камбудии ҷойдошта дархост ва мактуб пешниҳод кардам, аммо мутаассифона муроҷиати кардаам беҷавоб монд. Инак, бо дастгирии Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар боми бинои боғча бо чердак пушида шуда истодааст, ки ин барои мо як хушбахтист. Хурсандии аҳли ин муассиса аз ин дастгирии Раиси шаҳр ҳадду канор надорад. Мо аҳли колективи ин муассиса, тарбиятгирандагон, падару модарони кӯдакони ин даргоҳ ба Раиси шаҳрамон Сулаймонзода Музаффар миннатдории хешро баён намуда, дар ҳаққаш ҳамеша дуогӯ ҳастем. Албатта минатдорию сипоси беҳади моро ба Раиси шаҳр расонед мегӯяд, мудири боғча- Ҳамидова Саодат.

Зебо Давлатова «Нури Роғун»