Табрикоти Раиси шаҳри  Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар  бахшида  ба ҷашни Меҳргон

  Ҳамдиёрони  азиз,  кишоварзони  муҳтарам!   Боиси  ифтихору  шукургузорист,  ки  имрӯз  аз  баракати  Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  сулҳу Ваҳдати  миллӣ  мо  дар  қатори тамоми  мардуми  сарбаланди  Тоҷикистони  азиз,  ҷашни  гузаштагонамон Меҳргонро бо  як  шукуҳу  шаҳомати  хосса  таҷлил  менамоем. Бояд  ёдовар шавам,  ки  Меҳргон   яке  аз   ҷашнҳои  бошукӯҳи   мардуми  ориётабор,  аз  ҷумла  тоҷикон  мебошад,  ки  аз  замонҳои  қадим  ба  мо  мерос  монда, аҷдодони  гузаштаи  хирадманди  мо  ин  ҷашнро  бо  шукуҳу  шаҳомати  хосса  таҷлил  менамуданд. Бо истифода  аз ин фурсати  бисёр  муносиб  ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ, кишоварзони арҷманд ва дар симои Шумо тамоми  сокинони  сарбаланди  шаҳри  Роғунро  ба куҳантарин ҷашни мардуми ориёинажод яъне ҷашни Меҳргон аз номи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Роғун табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатию  сарбаландӣ, барори кору баракати  дони  деҳқон ва  тамоми  хушиҳои  зиндагиро  хоҳонам. Қобили  қайдаст, ки ҷашни Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили руёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот ва  дӯстию рафоқат мебошад.  Яке  аз  унсурҳои  ин  ҷашн аз  он  иборат  буд,  ки  мардум  аз  баракати   ҳосили  ҷамъовардаашон  шукрона мекарданд  ва  либосҳои  шинаму  тоза  ба  бар  карда,  баракати  солро   дар  баргузории ҷашни  Меҳргон  ифода  намуда,   шодию  хурсандӣ   менамуданд,  ки соли  оянда  ҳосил  боз  ҳам  фаровон  шавад   ва  дастархони  мардум  аз  маҳсулоти деҳқон  фаровон  гардад. Бо  шарофати  Истиқлолияти  давлатии  Тоҷикистон  ва  бо  ташаббуси  бевоситаи   Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷашни  Меҳргон  аз  нав  эҳё  гардида, барои  дар  сатҳи  баланд  доир  кардани  онҳо  шароит  фароҳам  омад. Вобаста  ба  ин, Пешвои  миллат,  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳангоми баргузории ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон  қайд  намуданд, ки «Меҳргон  ба  монанди  Наврӯз  таҷассумгари  суннатҳои неки  инсонист,  ки  файзу баракати хони пурнеъмати  кишоварзонро  инъикос  менамояд.  Бинобар  ин,  зарур  аст,  ки  ҳар  сол  бо  шукӯҳу   шаҳомати  таҷлил  карда  шавад.  Аз  ин  хотир,  анъанаву   расму ойини  хос  ва  фарҳанги  ғании  мардуми тоҷик,  ки  аз  қадимулайём   бо  замин  сари  кор  доштанд  ва  соҳиби  маданияти  баланди  заминдорӣ  буданд,  то  имрӯз  зинда  боқӣ  мондааст  ва  ҳамчун  ҷузъи  таркибии тамаддуни  умумибашарӣ  барои  инсоният  хизмат  менамояд». Дар  ин  замина, таҷлили иди Меҳргон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №538 дар тамоми гушаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомати хосса ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак ғалакорон, боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми намоён мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шӯкуҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Пас  аз  Истиқлоли  давлатии Тоҷикистон  дар  фасли  тирамоҳ  баргузор  намудани  ҷашнҳои   харбуза,  асал  ва  намоишҳои  дигари дастовардҳои  деҳқонон  барои  мардум  шодию  сурур  бахшида,  зиндагиро  боз  ҳам  рангинтар  менамояд. Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд. Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, дар таъмин намудани талаботи ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрамон саҳми босозае дорад. Барои рушду нумӯи ин соҳа дар қаламрави шаҳр 1079 адад хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 4 адад хоҷагии ёрирасон, 2 адад кооперативи истеҳсолӣ ва 1 адад хоҷагии давлатии «Ҷангал» ба   номи  Лоиқ  Каримови  шаҳри  Роғун фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.  Меҳнаткашони  зафарманди шаҳри Роғун дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ карда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона  дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми  сазовори худро гузоштаанд. Бо ин мақсад кишоварзони шаҳри Роғун баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинони  шаҳр ва кишвар меҳнати  софдилона карда, аз аввали мавсим дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ кишти имсоларо ба 2214 га расонидаанд. Аз ҷумла: истеҳсоли картошка ба 768 тонна, истеҳсоли ғалладона ба 2531 тонна, истеҳсоли сабзавот ба 608 тонна, зироатҳои равғандор 85 тонна ва истеҳсоли меваро ба 515 тонна расонида   шудаанд. Бояд қайд намоям, ки бахшида  Ҷашни  таърихии 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кишоварзони шаҳри Роғун зиёда аз 20 маротиба ярмаркаи  фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо нархҳои нисбатан ба бозор арзон пешкаши   бунёгарони  Неругоҳи  барқи  обии «Роғун» ва аҳолии шаҳр ташкил ва гузаронида шудааст, ки ин иқдом дар ҳама санаҳои  муҳими таърихӣ ва касбӣ ба таври  доимӣ ба роҳ монда  мешавад. Пас моро зарур аст, ки барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешида, истеҳсол, коркард, фурӯши маҳсулотҳои ширӣ, гуштӣ, мева, сабзавот, истеҳсол, коркард ва фурӯши пӯст ва пашм, фурӯши асал, ташкили нуқтаи коркарди маҳсулоҳои қаннодӣ, нӯшокӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасониҳои хӯроки миллиро хуб ба роҳ монем. Бо боварӣ  метавон  гуфт,  ки  мардуми  сарбаланди  шаҳри  Роғун   ҷашни  Меҳргонро  мисли  Наврӯз  ҷашн  гирифта, таҳти   Сарвари  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон   баҳри  пешрафти  Ватани  маҳбубамон  боз  ҳам  бештар  саъю  талош  менамоянд. Дар  хотима бори  дигар  аз  фурсати  муносиб  истифода  бурда, ҷашни аҷдодии Меҳргонро ба ҳамаи  Шумо ҳозирини  муҳтарам табрику муборакбод намуда, ба  ҳамаи  Шумо саломатию  хушбахтӣ,  барори  кору  баракати зиндагиро хоҳонам.   Саломату  сарбаланд  бошед!