Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр

Санаи 27 сентябри  соли ҷорӣ дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр баргузор гардид, ки дар маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Дар маҷлис масъалаҳо «Оиди тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва мубориза бар зидди он дар қаламрави шаҳр», оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №431 Дар бораи Барномаи миллии пешгирии ҳуқӯқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» ва қарори раиси шаҳри Роғун аз- 23-09-2020, №337 ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кудак» дар шаҳри Роғун, дар бораи  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2012, №676 «Дар бораи Дурнамои  пешгирӣ ва назорати  бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2013-2023» дар шаҳри Роғун ва Ҳисоботи таҳлилӣ оид ба иҷрои Стратегия ва Барномаҳо дар соҳаҳои иҷтимоии шаҳри Роғун       мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Сараввал раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар Сулаймон маҷлиси машваратиро оғоз намуда,  оид ба масъалаҳои зикргардида маълумоти куллӣ доданд. Сипас, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Роғун подполковники милитсия Ҳайдарзода Л. Оиди масъалаи якум, нисбати сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар 9 моҳи аввали  соли 2021 ва муқоисаи он бо солҳои қаблӣ маълумоти муфассал доданд. Номбурда сатҳи ҷинояткорӣ ва кушодашавии онҳоро нисбат ба солҳои пешин рӯ ба зиёдашавӣ арзёбӣ кард. Прокрори прократураи шаҳри Роғун Қосимзода Хайриддин нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар самти пешгирии ҷинояткорӣ аз ҷониби ҷавонону наврасон ибрози   андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки фаъолияти нозирони минтақавӣ барои кушода намудани ҷиноятҳо ғайри қобили қабул буда, масъулинро зарур аст, ки корҳои ҷустуҷӯӣ ва ошкорсозиро дар ин самт ҷоннок намоянд. Ҷиҳати масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Котиби комиссия оид ба ҳифзи ҳуқӯқ дар МИҲД–и шаҳри Роғун Шукуров Ҷ., нисбати масъалаи сеюм сартабиби беморхонаи марказӣ,- Акобиров Бахтовар  ва нисбати масъалаи чорум Муовини раиси шаҳр Мусозода Парвина  маълумоти муфассал доданд… Нисбати масъалаҳои баррасишуда  қарорҳо қабул карда шуданд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа               Раҷабалиева Шоира