Истиқлолият роҳи тарақиётро боз намуд  

              Истиқлолият ва пойдории Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки соҳаҳои иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназул ниҳода, роҳи минбаъдаи таррақиёти кишварро барои расидан бо ҳадафҳои рушд боз намуд. Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон  якчанад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ таҳия ва татбиқ карда шуданд. Махсусан дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳ ба рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муродифи мантиқии соҳибдавлатӣ, гиромидошти фарҳанги ниёгони аҷдодӣ ва анъанаҳои неки давлатдории миллӣ мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони мамлакат солҳои 2019-2021-ро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд, зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Чуноне ки Сарвари давлат зикр карда буданд, барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳо ва садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ 1 сол басанда нест. Ба ҳамин хотир барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Пешвои миллат мақсади асосӣ аз ин пешниҳодҳоро дар амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, ба тасвиб расидан ва мавриди амал қарор гирифтани Нақшаи чорабиниҳои ҳукуматӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №АП 1176 тасдиқ шудааст, бевосита ҷанбаҳои муҳими тараққиёти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад.   Ба тасвиб расидани санади мазкур аз як тараф ҷанбаҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро муайян намояд, аз ҷониби дигар барои ҷалби соҳибкорон ва аҳолии деҳот  имконият фароҳам овард, ки дар қатори эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, махсусан ҷиҳати барқароркунии пулҳо, таъмир ва асфалтпӯш кардани роҳҳо, рушди хизматрасониҳои нақлёти ҷамъиятӣ ва хусусӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад. Вобаста ба ин тадбир, дар шаҳри Роғун давоми соли ҷорӣ таъмиру барқарорсозии пул дар деҳаи Қалъаи нав дар масофаи 40 метр аз тарафи шаҳрванд Раупов М. мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барқарорсозии пули дигар дар роҳи ҷамъиятии Қалъаи Нав- Навобод бо ташаббуси Ёров Ҳ. дар масофаи 50 метр, асфалтпӯш намудани роҳҳои деҳаи Ҷавонӣ дар масофаи 2 км, кӯчаи Қ. Мавлонови Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм дар масофаи беш аз 145 метр ва таъмири роҳи кӯчаи 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масофаи 2 км мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Инчунин, тахту ҳамворкунии роҳҳои минтақаи Шер Авазов, Қалъаи Нав-Чашмаи Кулло, Луғур, кӯчаҳои Камари Муғул ва Майдони Калон аз ташаббускории мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ  ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд. Масъалаи дигаре, ки дар нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидааст, он васеъ гардидани ҷаҳонбинии кӯдакон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошад. Боиси қайд аст, ки механизми васеъ намудани фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ тавассути бунёди муассисаҳои томактабӣ, инкишофи шаклҳои ба таври ғайрианъанавӣ/алтернативӣ омода намудани кӯдакон ва бунёд намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳоту шаҳракҳо вазифаи асосии давлат ва бахши хусусӣ ба шумор меравад. Бо мақсади ба таври васеъ фаро гирифтани кӯдакон таввассути ҷалби сармояи хориҷӣ таъмиру азнавсозии боғчаи №6 дар кӯчаи 25 солагии Истиқлолият ба нақша гирифта шуда, сохтмони 3 адад синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №18 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мутобиқи нақша, дохили синфхонаҳои муассисаҳои таълимии қаламрави шаҳр ба маблағи 180,0 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд. Ҳамчунин, таъмири асосии намои бино, ошхона ва барқарорсозии боми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3,  буғхонаҳои муассисаҳои таълимии №5, 22 ва №9 барқарор карда шуданд. Дар соли ҷорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи сохтмони бинои 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба маблағи 76877 доллари ИМА мавриди дастгирии мақомот ва шарикони рушд қарор дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур оғоз мегардад. Инфрасохтори соҳаи тандурустии шаҳр зери назорат қарор дода шуда, зарурияти бунёду азнавсозӣ, таъмири бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти муосири озмоишгоҳӣ ва ташхисӣ муҷаҳҳаз гардонии онҳо ба вуҷуд омад. Дар соли ҷорӣ таъмири бинои маркази саломатии шаҳри Роғун ба иҷро расонида шуда, бунгоҳи тиббии замонавӣ дар деҳаи Чормағз аз ҷониби бародарон Аҳмадовҳо, инчунин сохтмони маркази ташхисию табобатӣ, Узӣ, ташхисгоҳ, дандонпизишкӣ, гиёҳдармонӣ физиотрапия ва дорухона дар Ҷамоати деҳоти Қади Об аз ҷониби соҳибкор Собиров Б. мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Таъмини беморхонаи марказӣ бо хатҳои оксиген, таъмини таҷҳизоти муосири аксбардорӣ, дастгоҳи нафасгирии сунъӣ ва дигар таҷҳизотҳо гувоҳи пешравии соҳа мебошад. Дар ин радиф, сохтмон ва таъмиру тармими манзилҳои истиқоматӣ ва дастгирии шахсони якаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоати деҳот ва шаҳракҳо яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд. Бо мақсади дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ  дар соли ҷорӣ ба маблағи 645586 сомонӣ ба шахсони якаву танҳо, маъюбон, пирони барҷомонда, ятимон ва оилаҳои камбизоати деҳот ва шаҳракҳо ҳамчун кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст. Сохтмони манзилҳои истиқоматии шахсони эҳтиёҷманд Акрамова М.-истиқоматкунандаи шаҳри Роғун, деҳаи Ҷавонии Ҷамоати деҳоти Қади Об ва Давлатов С-истиқоматкунандаи шаҳри Роғун, деҳаи Луғури Ҷамоати деҳоти Сичароғ бо дастгири мақомоти шаҳрдорӣ ва соҳибкорони саховатпеша идома доранд. Таваҷҷуҳ ба инфрасохтори соҳаи фарҳанг низ ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшида, бояд барои бунёд, таъмир, таҷдид ва азнавсозии муассисаҳои фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, клубу қасрҳои фарҳангӣ, боғҳои истироҳат ва дигар иншоот, инчунин ташкили мактабҳои мусиқии бачагона дар сохтори клубҳо ва қасрҳои фарҳанги деҳот ва шаҳракҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда шавад. Дар шаҳри Роғун 8 китобхона 1 қасри фарҳанг, 2 хонаи маданият, 1 мактаби мусиқӣ ва 2 боғҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият менамоянд. Имсол дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххаси шаҳрдорӣ бинои осорхона, мактаби мусиқӣ, китобхонаи марказӣ, хонаи маданияти шаҳраки Оби Гарм ва китобхонаи шаҳрак аз таъмиру тармим бароварда шуданд. Бунёд ва азнавсозии иншооти маишӣ, аз ҷумла ҳаммом, сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар марказҳои деҳот ва шаҳракҳо яке аз иқдомҳои неки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ин ташаббус барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ мусоидат хоҳад кард. Дар соли ҷорӣ ба истифодадиҳии панҷ иншоот дар маҳал ба нақша гирифта шуданд, ки аксарияти онҳо мавриди иситифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла, сохта ба истифода додани ҳамом ва сартарошхонаи замонавӣ дар деҳаи Чашмаи-Куллои Ҷамоати деҳоти Қади-Об аз тарафи соҳибкор Носиров Ғ, сохта ба истифода додани ҳамом ва сартарошхонаи замонавӣ дар деҳаи Фаррухони Ҷамоати деҳоти Қади-Оби шаҳри Роғун аз ҷониби шаҳрванд Буриев Ф, кошонаи ҳусн  дар кӯчаи А. Лоҳутии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм аз тарафи Саёдов Р, сартарошхона дар кӯчаи 25 солагии Истиқлолият аз ҷониби шаҳрванд Қодиров С ва Сартарошхона дар деҳаи Ёли Гармобаи Ҷамоати деҳоти Қади-Об аз тарафи шаҳрванд Кабутов С. мебошанд. Бунёди майдону толорҳои варзишӣ, майдончаҳои бозиҳои кӯдакона дар деҳоту шаҳракҳо метавонад ба оммавӣ гардонидани варзиш ва ба машқу тамрин фаро гирифтани ҷавонони лаёқатманд аз манфиат холӣ нест. Бо ин мақсад дар ҳудуди шаҳри Роғун 61 майдончаҳои варзишӣ ва 12 толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошанд. Доир ба ҷалби аҳолӣ, алалхусус наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Роғун 286 нафар наврасону ҷавонон аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин пайваста машғул мебошанд. Аз шумораи иншоотҳои дар болозикргардида аз соли 2019 то ин ҷониб дар шаҳр 1 майдончаи варзишӣ оид ба футбол, 8 майдончаи бозиҳои кӯдакона сохта ба истифода дода шудааст. Ба истифода додани боз 5 иншооти варзиш, 3 толор ва 2 майдончаи варзишӣ бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ба пешравии соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, вобаста ба хусусиятҳои маҳал мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ муайян карда шуданд. Ҳоло дар шаҳри Роғун мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба монанди гузаргоҳи  “Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ”, “Қалъаи Кофир” марқади “Эшони Абдураҳмонҷон”, “Эшони Қиёмиддинҷон” мазорҳои “Хуш Қалавур”, “Хоҷаи Дарвеш” ва ғайра вирди забони мардум аст. Дар ҳудуди шаҳр 40 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ ба монанди Обамбори НБО-и Роғун, Гули Сурх, Дараи Луғур, Марғзор, Тагоб, Тали оқсой, Кирбич, Қалъанак, Биёв, Яхдон, Зиратут, Дашти Кул, Қандаки куҳна, Ҷуруҷ,  Шаршара, Болои тал, Ёнахш, Ғашён, Маҷмаи “Нақб”  ва ғайра мебошанд, ки мавзеъҳои зикршуда ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд. Дар ҳудуди шаҳр 41 кӯҳҳои зебо, 33 чашмаҳои мусаффо, 11 дарё ва 4 кул ба феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ворид карда шудааст. Ҷалб соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар бунёди инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ барои сайёҳон яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Дар хатсайрҳои асосӣ, сохтмони чойхонаҳо, меҳмонхона, мағозаҳо, дорухона, нуқтаи шустушӯи мошинҳо, сартарошхона, дуконҳои фурӯши гушт, ҳамом, нуқтаҳои таъмири нақлиёт, истгоҳҳои замонавии бо иловаи маркази хизматрасонӣ, лавҳаҳои таблиғотӣ ва насби шиору овезаҳо бо навишти суханони пандомез ва дигар иншооти хизматрасонӣ  аз дастовардҳои бузурги истиқлолият дарак медиҳанд. Ташаккул ва рушд додани инфрасохтори сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, табобатию солимгардонӣ, шикор, кӯҳнавардӣ ва пойгоҳҳои сайёҳӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳими соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, дар ин замина бояд аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда истифода кард. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад. Роҳи хатсайри табобатии Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, бунёд, мумфарш намудан ва сангфарш кардани роҳҳои деҳаҳои Сайдон ва деҳаи Ёли Гармоба ба анҷом расонида шуданд. Корҳои тахту ҳамвор ва сангфарш кардани роҳҳои деҳаҳои  Қалъаи-Нав, Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Фаррухон, Дараи Тутак, Ғурунг (Қандак), Дӯст Солеҳ, Деҳқононбод, Ковокдара, Деҳи Бустон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег ва Себнок оғоз гардида, дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ, бунёди растаҳои ҳунармандӣ ва марказҳои фурӯши армуғони миллӣ ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон заминаҳои боэътимодро фароҳам меоварад. Барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Роғун чор маркази истеҳсол ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамоянд. Дар марказҳои истеҳсол ва ҳунарҳои мардумии ҳудуди шаҳр ва баъзан дар нуқтаҳои савдо аз ҷониби шаҳрвандоне, ки ба корҳои хонагӣ машғул мебошанд, ҳунарҳои миллии тоқидӯзӣ, жемпирбофӣ, ҷуроббофӣ, қуроқдӯзӣ, зардеворӣ, гулдузӣ, муҳракашӣ, инчунин оришу тасвири гулҳои рангоранг ва дигар ашёҳои миллӣ бо усули бофандагӣ пешкаши мизоҷон гардонида мешавад. Мувофиқи маълумоти бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Роғун, дар ҳудуди шаҳр беш аз 140 нафар занону духтарон ба корҳои хонагӣ машғул буда, зиндагии худро аз ҳисоби ҳунармандӣ пеш мебаранд. Ҳарчанд, ки инъикоси унсурҳои миллӣ бо сифати баланд, инчунин таҳия ва истеҳсоли армуғонҳои сайёҳӣ бо сабаби набудани корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда нашуда бошанд ҳам, вале аз ҷониби мақомот бо ҷалби бахши хусусӣ дар маркази шаҳр мағозаи фурӯши «Армуғон» соли 2020 сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар он армуғонҳои сайёҳӣ бо унсурҳои миллӣ пешкаши сайёҳон гардонида мешавад. Ҳадафи дигар ин албатта бунёд ва азнавсозии корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар ҳудуди деҳот ва шаҳракҳо мебошанд. Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, чор адад дуконҳои истеҳсол ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ се коргоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд, ки онҳо ба истеҳсоли хиштҳои сементӣ, дару тирезаҳои пластикӣ ва дӯзандагӣ машғул мебошанд. Муҳайё намудани ҷойҳои кори иловагӣ дар деҳот тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок, бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ ва устохонаҳои ҳунармандӣ барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум аз манфиат холӣ нест. Барои ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани занону духтарон ва шаҳрвандони бешуғл бино ба маълумоти масъулини шуъбаи шуғли аҳолӣ ва меҳнат дар шаҳри Роғун соли ҷорӣ ду гурӯҳ аз рӯи ду ихтисос дар асоси шартномаи тарафайн бо фарогирии  45 нафар занони бешуғл ва бе касбу бе ихтисос гузаронида шудааст. Курсҳои омӯзишӣ тариқи сайёр дар маҳаллу деҳот ба роҳ монда шудааст, ки механизми он ба эҳёи мактаби устод ва шогирд заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар маҷмӯъ иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рушди ҳунармандӣ, муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ, ташкили инфрахсохтори сайёҳӣ, хизматрасонӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ заминаҳои мусоидро фароҳам овард. Аз ҷумла, барои мардуми деҳот сохта ба истифода додани инфрасохтори маишию иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон омили беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва  дастрасии бештари онҳо дар ҳалли масъалаҳои рӯзмара мебошад. Мо хуб медонем, ки қаблан дар баъзе деҳаҳо инфрасохтори хизматрасонии тиббӣ, ҳамому сартарошхонаҳо, нуқтаҳои савдо, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашуда буданд. Мардум ҳатто дар рӯзҳои душвори зиндагӣ, аз ҷумла дар фасли сармо пиёдаю савора барои дастрасии маводи озуқа ва бо мақсади аз хизматрасонии тиббӣ бархурдор шудан, ба бозору дуконҳо ва беморхонаҳои маркази ин ё он шаҳру навоҳӣ рафта, мушкилоти худро осон мекарданд. Аз ҳамин хотир, эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мушкилоти иҷтимоию иқтисодии мардуми деҳотро то андозае аз байн бурд. Аз тарафи дигар маданияти меҳмонқабулкунӣ дар деҳот то андозае боло рафт. Қаблан мувофиқи урфу одат хешу табор ва ё дигар дӯстон ба меҳмонӣ меомаданд, мизбонон дарҳол зиёфат ороста, бо сабаби набудани инфрасохтори зарурӣ дар мавзеъҳои тамошобоб меҳмонро ихтиёран ба сайру сайҳат кам мебурданд. Ҳоло дилхоҳ меҳмонону сайёҳоне, ки ба минтақаи мо ташриф мебиёранд, онҳо боғҳои фарҳангӣ, марказҳои хизматрасонӣ, маҷмааҳо, боғҳои серҳосил ва гулгашту хиёбонҳоро тамошо намуда, руҳу илҳоми тоза ва ба худ таъассуроти нек мебардоранд. Ҳамаи ин дастоварду музаффариятҳо нишонаи соҳибистиқлолӣ ва сарҷамъии мардуми хушиқболи кишвар дар роҳи худшиносии миллӣ ва гиромидошти таърих ва фарҳанги пурғановати тоҷикон аст.

  Хуррамзода Муминшо, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Роғун