Омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ

           Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талошро баҳри ободию созандагӣ  ва бунёдкориҳо равона карда, дар самти  бунёди гулгаштҳо, шинонидани дарахтҳои ороишӣ қисми зиёди корҳоро ба сомон расонидааст. Инчунин, нақшаи  кабудизоркуниву ниҳолшинонӣ, шинонидани дарахтони арча, дар маркази шаҳр ва назди тамоми корхонаҳову муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба пуррагӣ ба итмом расидааст. Рӯзҳои шанбе бо иштироки фаъоли сокинон ҳашарҳои оммавӣ баргузор карда мешаванд. Ин иқдом ба ҳукми анъана даромада, пайваста то баргузории ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ идома меёбанд. Илова бар ин, дар назди тамоми ташкилоту муассисаҳо рамзи  30 солагии Истиқлолият, шиору навиштаҷотҳо оид ба ҷашн насб карда шуда, парчами давлатӣ дар роҳҳо дар шакли нав ва таҷҳизотҳои ороишӣ дар канори роҳравҳо насб карда шудаанд, ки ин  омодагиҳо гувоҳи дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Илова бар ин, дар арафаи омодагиҳо ба ин ҷашн мусобиқаҳои варзишӣ, баргузор намудани дарсҳои ахлоқию маънавӣ ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои моҳияти истиқлолияту озодӣ ва пояи устувори давлатдории миллӣ, пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозагӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ фароғатӣ ва ташкилоту муассисаҳо аз иҷрои корҳои банақшагирифта шуда буданд, ки баргузор гардиданд. Айни ҳол баҳри бо тантана ҷашн гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ, дар қисмати фарҳангии он машқҳои ҳамарӯза рафтаистода, дар ин раванд паради ҳарбӣ бо иштироки 700 нафар низомипӯш идома дошта, инчунин тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо  ва занону бонувони фаъоли шаҳр, ки нисбати чорабинии  муҳими таърихӣ –Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқ зоҳир намудаанд, машқҳои ҳамарӯзаи роҳпаймоиро идома дода истодаанд.

  Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                               Раҷабалиева Ш.